Истифодаи неруи барқ дар Тоҷикистон охири моҳи гузашта дар робита бо обуҳавои ниҳоят гарм то нишондиҳандаи рекордӣ афзуд, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 1 август дар Душанбе раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода.
Ӯ таъкид дошт, ки 26 июли соли равон истеҳсоли шабонарӯзии неруи барқ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 72,1 млн киловатт-соатро ташкил дод.
“Чунин нишондиҳандаи баланд пештар ҳеҷ гоҳ ба қайд гирифта нашудааст”, - иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки дар ҳавои гарм хароҷоти барқ бо сабаби истифодаи кондитсионерҳо зиёд мешавад, ки қувваи зиёди барқро мегиранд.
Ба гуфтаи Асозода, нишондиҳандаи аз ҳама баланди истифодаи барқ дар як шабонарӯз то ин дам тайи се соли ахир каме бештар аз 70 млн киловатт-соатро ташкил медод.
Ӯ таъкид дошт, ки пур кардани обанбори асосии мамлакат — обанбори Норак, барои афзоиши истеҳсоли неруи барқ то ҳол ягон мушкилие надошта, як қисми муайяни об берун аз турбинаҳои НБО “Норак” гузаронида мешаванд, яъне об бидуни истифода партоб мешавад.
Дар ҳамин ҳол, раиси ширкати “Барқи тоҷик” шарҳ дод, ки мавҷуд будани захираҳои обии иловагӣ маънои онро надорад, ки истеҳсоли энергияро метавон зиёд кард. Барои ин, ба гуфтаи ӯ, боз иқтидорҳои истеҳсолии иловагӣ низ лозиманд.
Асозода дар бораи ҳадди ниҳоии иқтидори шабонарӯзии тавлиди нерӯи барқ аз рӯи иқтидорҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ мушаххасан маълумот надода, танҳо зикр кард, ки чунин ҳисобу китоб сурат нагирифтааст, зеро барои он зарурат ба миён наомада буд.
Раиси ширкат изҳор намуд, ки барои расидан ба сатҳи ниҳоии захираи об дар обанбори Норак ҳамагӣ 1,56 метр боқӣ мондааст.
Ёдрас мекунем, ки ҳадди ниҳоии захираи об дар обанбори Норак 910,69 метр аз сатҳи баҳрро ташкил медиҳад.
“Ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад, маҷрои об аз меъёри муқарраршуда зиёд буда, об дар обанбори Норак то сатҳи зарурӣ захира хоҳад шуд”, - афзуд Асозода.
Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ҳудуди 7,7 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 1% зиёдтар аз ҳаҷми истеҳсоли ҳамин давраи соли 2021 аст.
Как справиться с предновогодним стрессом: советы врача
Страсть к скорости. Как таджикский гонщик покорил Поднебесную
Сколько будут стоить салаты для новогоднего стола-2025 в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 декабря 2024 года
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Бывший футболист избран новым президентом Грузии
Жизнь, достойная подражания. Посвящается 100-летию Рауфа Дадабаева
Парламент Южной Кореи объявил импичмент президенту страны
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
Праздник Весны: как китайский Новый год объединяет миллионы людей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста