Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату идора ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дод, ки аз хароҷоти дуюмдараҷаи маблағҳои буҷет худдорӣ кунанд.
“Бо мақсади истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва бо дарназардошти иҷрои воқеии буҷети давлатӣ аз пешниҳоди дархостҳо оид ба маблағгузории иловагӣ қатъиян худдорӣ намоянд”, - омадааст дар қарори ҳукумат вобаста ба “вазифаҳо то охири соли 2022”.
Ин санад дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуда, дар он ҳамчунин дар бораи “андешидани чораҳои зарурӣ дар самти истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, худдорӣ аз хароҷоти дуюмдараҷа, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад, иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатӣ, идоракунии самараноки молияи давлатӣ” сухан меравад.
Дар ҳамин ҳол, супориш дода мешавад, ки бо мақсади таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, пурра ва сари вақт маблағгузорӣ намудани ҳама соҳаҳои иқтисодиёт тадбирҳо андешида шаванд.
Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли равон ҳукумат нақшаи зиддибуҳронӣ қабул кард, ки дар бандҳои он маҳдуд кардани хароҷоти ғайриафзалиятноки буҷетӣ, аз ҷумла хароҷот барои харидани мошину таҷҳизот, таъмири биноҳо, харҷи сафарҳои хидматӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, қисмати даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввали соли равон 2% барзиёд иҷро шуда, ба буҷет 15,1 млрд сомонӣ (ҳудуди 1,5 млрд доллар) маблағ ворид гардид.
Даромади буҷет асосан аз пардохти андозҳо иборат аст, ки ҳаҷми умумии онҳо 10,2 млрд сомониро ташкил дод. Ҳиссаи даромад аз пардохти андоз дар ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба 67,5% баробар шуд.
Хароҷоти буҷети давлатӣ дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 14,2 млрд сомониро ташкил дод, ки 10% (1,3 млрд сомонӣ) зиёдар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.
«Азия-Плюс» передала более 300 книг в детскую колонию Таджикистана
Таджикистанцы в России направили более $1 миллиона на развитие Хатлонской области
«Если вспомню о тебе...». В Душанбе прошел вечер памяти Мукаддас Набиевой
Украина спорит с США по ресурсам: Киев «ошеломлен» масштабом требований Трампа и сравнивает их с колонизацией
В Таджикистане сохраняется угроза схода лавин на дорогах
В Согде возводят два крупных завода по переработке известняка
СМИ: Переговоры США и России по Украине пройдут завтра в Эр-Рияде
Как спроектированный для Самарканда театр стал культурным символом Таджикистана
В Таджикистане появится новый профессиональный праздник
В Таджикистане началась операция «Пешеход»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста