Музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон қариб ду баробар камтар нисбат ба кишвари нисбатан камбизоати узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) мебошад.
Маоши моҳонаи миёнаи номиналӣ моҳи июн дар Қирғизистон 365 долларро ташкил додааст, зикр мешавад дар гузориши ИИАО таҳти унвони “Индикаторҳои иҷтимоӣ-демографӣ”.
Гуфта мешавад, маоши миёна дар Қирғизистон дар муқоиса бо моҳи июни соли 2021 ба андозаи 42,5% боло рафтааст, ки нишондиҳандаи баландтарин байни дигар кишварҳои узви Иттиҳод мебошад.
Аз моҳи июни соли 2021 то июни соли равон музди меҳнати миёна дар Арманистон 16,9% (то 556 доллар), Беларус - 12,7% (то 628 доллар), Қазоқистон - 24,1% (то 666 доллар) ва Русия - 12,2% (то 1164 доллар) боло рафтааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, моҳи июн музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ 1907 сомонӣ (185 доллар)-ро ташкил додааст, ки 10,1% зиёдтар нисбат ба моҳи июни соли 2021 аст.
Ёдрас мекунем, ки аз замони таъсиси ИИАО дар соли 2014 ҳукумати Тоҷикистон дар муддати аллакай 8 сол мувофиқи мақсад будани узвият ба Иттиҳодро меомӯзад.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотӣ дар моҳи июли соли равон дар ин робита изҳор намуд, ки гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳодро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор додааст.
“Аз рӯи натиҷаи ин корҳо хулосаҳо пешниҳод гардида, бар асоси онҳо ҳукумати қарори ниҳоӣ қабул мекунад", - иброз дошт вай.
Дар ҳамин ҳол, ӯ илова намуд, ки Тоҷикистон “бе ин ҳам дар шаклҳои гуногун бо кишварҳои узви ИИАО ҳамкории густарда дорад”.
Наш таджикский писатель – Минель Левин
Первый Международный ювелирный форум в Душанбе: культурное наследие и новые горизонты
Федерации Казахстана обяжут выявлять экстремистов среди спортсменов
В ОДКБ утвердили план операции «Нелегал-2025»
Бывший президент Бразилии предстанет перед судом по обвинению в попытке госпереворота
Названа дата Иди Рамазон в Таджикистане
СМИ: США приостанавливают выдачу грин-карт некоторым лицам
«Ленин» говорил на таджикском и иногда гулял по Душанбе
В Душанбе задержали очередных лже-милиционеров, вымогавших деньги у граждан
ЮНИСЕФ: В Афганистане 2,2 млн девочек лишены права получить среднее образование
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста