Рӯзи 31 октябр Биржаи Маскав (Мосбиржа) савдоро бо сомонии тоҷикӣ оғоз кард. Савдо аз соати 07:00 то 12:30 ба вақти Маскав гузаронида шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Биржаи Маскав.
Ба иштирокчиён ва мизоҷони онҳо савдо бо асъори нав дар муомилоти спот-бозор (муомилоти фаврӣ) бо ҳисоби “имрӯз” ва “пагоҳ”, инчунин свопҳои overnight дастрас буд. Маблағҳо бо ҳисоби “имрӯз” аз соати 7:00 то 10:45 ва ҳисоби “пагоҳ” - аз соати 7:00 то 23:50, муомилоти overnight - аз соати 7:00 то 11:00 ба савдо монда шуданд.
Барои ҳар як асъори нав Биржаи Маскав регламенти муайяни вақтро ҷудо кард, ки мувофиқи он асъор ба савдо бароварда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, лоти ишорашуда бо спот-муомилот ба маблағи аз 10 ҳазор сомонӣ зикр шудааст. Муомилот бо свопро метавон бо маблағи аз 1 млн сомонӣ анҷом дод.
Яъне, агар шумо дар Биржаи Маскав бо ҳисоби “имрӯз” ё “пагоҳ” савдо карданӣ бошед ва мехоҳед, ки ин асъорро ба даст оред, онро бо лоти аз 10 ҳазор сомонӣ харида метавонед. Агар шумо ё ширкати ба шумо тааллуқдошта бо шахси дигар муомилот анҷом доданӣ бошед, савдо бо маблағи аз 1 млн сомонӣ оғоз мегардад, ки ин муомилоти своп мебошад.
Бо таҳрири нави номгӯи параметрҳои муомилоти спот, собит (фикс), муомилоти миёнавазни ва своп дар бозори асъор ва бозори фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳои Биржаи Маскав (31 октябри соли 2022 эътибор пайдо кард), ки акнун дар он “сомонии тоҷикӣ” низ ҳаст, дар сомонаи биржа шинос шудан мумкин аст.
Маълумоти ҷараёни савдои сомонӣ ва дигар асъор дар Биржаи Маскав бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Бино ба маълумоти сомона, то нимаи аввали рӯзи савдо асъор ҳеҷ гуна фаъолмандӣ нишон надода, дар нишондиҳандаи 0% қарор дошт.
Сомонӣ дар ин майдони савдо чӣ ояндае дошта метавонад?
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба Радиои Озодӣ чӣ гуна истифода шудани асъори миллии Тоҷикистонро дар бозри асъор шарҳ дод.
“Гап дар бораи он аст, ки асъоре, ки дар он бозор истифода мешавад, истифодаи асъори миллии як кишвар дар кишвари дигар аст, ба хотири осон кардани амалиёти молиявӣ ё анҷом додани амалиёти молиявӣ. Нафароне, ки, масалан, барои воридот ё содирот шартнома мебанданд, тартиби муайяни шартномаҳои байналмилӣ ҳаст, ки дар он чанд банд мушаххасан дарҷ мешавад ва яке аз онҳо асъори пардохт аст. Вақте амалиёт мувофиқи шартнома сурат мегирад, бар асоси ҳамон асъоре, ки дар шартнома ёд шудааст, сурат мегирад”, - гуфтааст ӯ.
«Азия-Плюс» пас аз нашри хабари ба роҳ мондани муомилот бо сомонӣ дар биржаи Маскав ба чанд мутахассис муроҷиат кард. Ва ҳеҷ яке аз онҳо ба далели бефаъолиятии низоми асъори Тоҷикистон ва иқтисоди заифи кишвар - бахусус ҳаҷми ками исеҳсоли маҳсулот ва хидматрасонӣ барои муомилоти имконпазири биржа, аз ин хабар интизории зиёд надоштанд.
Ба ақидаи мутахассисони бонкҳои бузурги Тоҷикистон - “Ориёнбонк” ва “Бонки Эсхата”, агар Тоҷикистон дар бозори маҳсулот ва хидматрасонии Биржаи Маскав ягон фаъолмандие зоҳир карда натавонад, пас дар бозорҳои фондӣ бо нашри коғазҳои қиматнок (саҳмия ва вомбаргҳо) фаъолмандии шоиста нишон дода метавонад.
Масалан, бонкҳо метавонанд тавассути платформаҳои худ ба иштирокчиёни Биржаи Маскав вомбаргҳо (облигатсияҳо)-ро бо сомонӣ пешниҳод намуда, ба ин васила сармоягузориҳои мустақим ва сандуқиро ҷалб кунанд. Ин таҷрибаи ҷалби сармоя дар биржаҳои бисёр кишварҳо истифода мешавад.
“Азия-Плюс” ба хадамоти матбуоти Биржаи Маскав бо саволи “асъори тоҷикӣ дар Биржаи Маскав чӣ дурнамо ва имконот дорад?” муроҷиат кард, лекин то нашри ин хабар посух дарёфт накард.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки РБК хабар медиҳад, рӯзи аввали савдо бо асъори Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Биржаи Маскав бидуни ягон муомилот анҷом ёфт.
Амалиёт бо сомонии тоҷикӣ (TJS/RUB) ва соми қирғизӣ (KGS/RUB) дар ҷуфтҳои асъорӣ бо ҳисоби “имрӯз” ва “пагоҳ” сурат нагирифт.