Маблағгузорӣ ба пардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли оянда дар ҳаҷми беш аз 2 млрд 347 млн сомонӣ (230 млн доллар) муқаррар шудааст, зикр мегардад дар қонуни Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023.
Ба ин мақсад аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо кардани қариб 1 млрд 350 млн сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Зиёда аз 997 млн сомонӣ аз ҳисоби баргардонидани қарзи асосӣ ва фоизҳо аз созишномаҳои зерқарзӣ ҷудо карда мешаванд.
Пардохти қарзҳо аз рӯи созишномаҳои зерқарзӣ дар соли оянда ба уҳдаи ташкилотҳои зерин вогузор шудааст:
- ШСХК «Барқи Тоҷик» – 938,5 млн сомонӣ;
- КВД «Обу корези Душанбе» – 15,5 млн сомонӣ;
- ҶСК «Тоҷиктрансгаз» – 7,6 млн сомонӣ;
- ҶСК «Помир энерҷӣ» – 11,5 млн сомонӣ;
- ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» – 24,4 млн сомонӣ.
Қобили зикр аст, ки қарзи ШСХК “Барқи тоҷик” то аввали нимсолаи соли 2022 аз рӯи созишномаҳои зерқарзӣ 23,6 млрд сомониро ташкил дода буданд.
Ин қарзҳо аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши электроэнергетика (таъмиру навсозии НБО, сохтмони хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳо ва ғайра) ба вуҷуд омадаанд.
Ҳаҷми умумии қарзи хориҷии ҷумҳурӣ то 1 октябри соли 2022 тибқи маълумоти Вазорати молия, 3 млрд 214,2 млн долларро ташкил медиҳад.
Дар сохтори он ҳудуди 95,5%-аш - 3 млрд 69,1 млн доллар ба “қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад”. Зери ин мафҳум қарзҳои имтиёзнок, ки аз ҷониби давлат барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ҷалб мешаванд, дар назар дошта шудааст.
Қарзҳои аз ҷониби муассиса, ташкилот ва ширкатҳои ҷудогона зери кафолати давлат гирифташуда 144,7 млн долларро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин дар сохтори қарзи хориҷӣ қарзи Бонки миллии Тоҷикистон дар назди Бонки исломии рушд дар ҳаҷми 0,4 млн доллар низ ҳаст.
Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Бонки содиротиву воридотии Чин аст, ки ҳаҷми қарзи ҷумҳурӣ аз он зиёда аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ ($357 млн), Бонки осиёии рушд ($291 млн), Хазинаи байнулмилалии асъор ($190 млн), Бонки исломии рушд ($184 млн), инчунин аз евробондҳо ($500 млн) низ қарздор аст.