Тоҷикистон дар соли 2022 ба маблағи зиёда аз 106 млн доллар барқ содирот намудааст, ки 10,6% бештар нисбат ба соли 2021 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Ҳиссаи неруи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ дар соли гузашта аз 4,5%-и соли пешин (с.2021) то 5% афзудааст.
Мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон (муддати тамоми сол) ва дар давраи баҳору тобистон (моҳҳои май-август) - ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.
Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар - то 40 МВт кам карда мешавад.
Дар бораи арзиши барқи Тоҷикистон барои истеъмолгарони Афғонистон мар соли 2022 аълумот дарёфт кардан муясар нашуд. Лекин тавре ки қаблан дар ширкати “Барқи тоҷик” хабар дода буданд, Афғонистон барои 1 кВт/соат барқ 3 сент тариқи хати 110 кВ ва 4,5 сент - тариқи хати интиқоли барқи 220 кВ маблағ пардохт мекунад.
Мувофиқи созишномаи соли 20008, арзиши барқи Тоҷикистон барои истеъмолгарони Афғонистон ҳамасола 3% зиёд мешавад.
Қобили зикр аст, ки созишномаи соли 2008 имзошуда дар бораи содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба муддати 20 сол - то соли 2028 пешбинӣ шудааст. Он ҳамасола бо имзои проитколи иловагӣ, ки дар он ҳаҷм ва арзиши барқи интиқолмешуда барои соли оянда муайян карда мешавад, тамдид мегардад.
Яке аз шартҳои созишномаи соли гузашта пардохти қарзи DABS ба ширкати “Барқи тоҷик” буд. Аввали соли 2022 “Барқи тоҷик” хабар дод, ки қарзи ширкати Афғонистон ба ин ширкат 33 млн долларро ташкил медиҳад.
То нимаи соли гузашта ин қарз ҳамагӣ 5 млн доллар кам шуда, раҳбарияти “Барқи тоҷик” сабаби пайдо шудани қарзро бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дода буд.
Аввали даҳаи дуюми моҳи январ DABS дар бораи имзои протоколи иловагӣ ба созишнома дар бораи содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар соли 2023 хабар дод. Шартҳои қарордоди дар Истанбул баимзорасида дар хабар зикр намешавад.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 21,4 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 3,8% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст. Ҳудуди 93,1%-и барқ аз ҳаҷми умумӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, 6,9% - дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ва 0,001% (300 кВт/соат) - дар неругоҳҳои офтобӣ истеҳсол шудааст.
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
В Таджикистане впервые проведена операция на сосудах головного мозга
Кыргызские авиакомпании могут исключить из «черного списка» Евросоюза, - Жапаров
СМИ: администрация Байдена предоставит Киеву пакет военной помощи на 725 млн долларов
Операторов связи Таджикистана предупредили: из-за плохой связи их либо оштрафуют, либо лишат лицензии
Банк России на фоне падения рубля отказался продавать валюту до конца года
Все-таки сыграем с Россией? Сборная Таджикистана может это сделать в 2025 году
К 2037 году Таджикистан хотят превратить в «зелёную страну». Что для этого собираются предпринять?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста