Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва барои таъмини бозори истеъмолии кишвар содироти картошка, пиёз ва сабзӣ манъ шудааст. Дар ин бора дирӯз, 30-юми январ, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии кишвар, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Вазири кишоварзӣ гуфт, дар ҷаласаи ахири Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти масъул дастур дод, ки то муътадил шудани вазъият дар бозор содироти картошка, пиёз ва сабзӣ аз Тоҷикистон боздошта шавад.
Қарори манъи содироти ин навъи сабзавот дар ҳолест, ки дар пайи сардиҳои ахир, дар бозорҳои кишвар нархи пиёзу картошва ва баъзе намуд сабзавоти дигар ба якборагӣ боло рафт. Аз ҷумла, нархи 1 кг пиёз то ба 8 сомонӣ афзоиш ёфт.
Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки нархҳо дар бозор баъди ба даст омадани аввалин ҳосили сабзавот дар охири моҳи март ва аввали моҳи апрел муътадил хоҳад шуд.
Вазири кишоварзӣ гуфт, ки дар соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи 54,3 миллион доллар беш аз 191 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин аз рӯи ҳаҷм нисбат ба соли қаблӣ 17,6 ҳазор тонна камтар аст.
“Аммо дар маҷмуъ 17,6 миллион доллар бештар аст. Беш аз 40 дарсади ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзиро сабзавот – 76,6 ҳазор тонна, аз он 66,6 ҳазор тоннаро пиёз ташкил медиҳад”,- зикр кард Қурбон Ҳакимзода.
Ба гуфтаи ӯ, содироти мева 29 дарсади ҳаҷми умумӣ ё 54,5 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
“Кишварҳои ИДМ (92%), умдатан Русия ва Қазоқистон харидорони аслии сабзавоту меваи Тоҷикистон буданд”, - гуфт Ҳакимзода.
Вазири кишоварзӣ ҳамчунин зироатҳои афзалиятноки соли 2023 – пахта, картошка, пиёз ва сабзиро номбар кард.
В Таджикистане получили налоговые льготы работодатели, трудоустраивающие лиц с инвалидностью
Таджикистан vs Узбекистан. Сколько стоят футбольные чемпионаты и игроки двух стран?
Эмомали Рахмон посетит Кыргызстан с государственным визитом
Таджикистан вошел в группу стран с низкой угрозой терроризма
Всемирный банк: Таджикистан – лидер по доле денежных переводов в экономике
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 марта 2025 года
Наряды к Наврузу: где в Душанбе найти эксклюзивные образы к празднику?
Кто такая Латифа аш-Шараа — первая леди Сирии?
В Алматы наградили мужчину, спасшего заложницу в аэропорту
Что даст Центральной Азии транспортное развитие Афганистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста