Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим сабаби бетағйир мондани арзиши роҳкирои нақлиёти ҷамъиятиро дар ҳоле, ки дар моҳҳои охир нархи сӯзишворӣ барор мошинҳо поин рафт, шарҳ дод.
Зимни нишасти хабарии имрӯз, 1 феврал дар Душанбе вазир изҳор дошт, ки айни замон арзиши сӯзишворӣ қариб дар як сатҳ бо баҳори соли 2021 қарор дорад, замоне, ки бори охир нархи роҳкиро ба нақлиёти автомобилӣ пас аз мувофиқаи онҳо бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муқаррар шуда буд.
Ӯ зикр кард, ки агар ҳатто нархи сӯзишворӣ ва арзиши роҳкиро дар нақлиёт каме фарқ дошта бошанд ҳам, дар ин давра (аз баҳори соли 2021 то имрӯз) хидматрасонӣ ва дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани воситаи нақлиёт, аз ҷумла нархҳо ба қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра боло рафт.
Вазир илова намуд, ки айни замон фоидаи кормандони нақлиёти мусофирбар 10-15%-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, моҳи декабри соли гузашта нархи маводи сӯзишворӣ аз ҳисоби арзоншавии бензин ба андозаи 11,9%) ва гази моеъ - 3,7% ба миқдори 10,1% поин рафт.
Дар муддати тамоми соли 2022 нархи бензин 27,9% ва гази моеъ - 27,3% поин рафта, арзиши сӯзишвории дизелӣ баръакс, 11,9% боло рафт.
Маълумоти пешакии оморӣ барои моҳи январи соли равон танҳо пас аз даҳаи аввал маълум мешаванд.
Қобили зикр аст, ки арзиши гази моеъ дар нимаи моҳи январ каме поин рафта, нархи дигар навъи сӯзишвории автомобилӣ қариб бетағйир боқӣ монд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли 2022 ба Тоҷикистон ҳудуди 853 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ва 397 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд.
Аз ҷумла дар ҳаҷми зерин маҳсулоти нафтӣ оварда шудааст:
- 387 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ;
- 320 ҳазор тонна бензин;
- 60 ҳазор тонна сӯзишвории реактивӣ;
- 40,6 ҳазор тонна кокси нафтӣ;
- 30 ҳазор тонна битум ва мазут;
- 1,2 ҳазор тонна дигар маҳсулоти нафтӣ.
Дар муқоиса бо соли 2021 воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ дар соли 2022 ба андозаи 14% ё худ 154 ҳазор тонна зиёд шудааст.
Ҳудуди 90%-и маҳсулоти нафтиро Тоҷикистон аз Русия ва беш аз 90%-и гази моеъро аз Қазоқистон ворид мекунад.
Ёдрас мекунем, ки аз соли 2013 Тоҷикистон маводи сӯзишвориро аз Русия бар асоси имтиёз (бидуни пардохти боҷи содиротии гумрукӣ) мегирад. Мақомоти салоҳиятноки ду кишвар то 1 октябр ҳаҷми истифодаи дохилиро дар Тоҷикистон барои соли оянда мувофиқа карда, тавозунҳои индикативӣ ба имзо мерасонанд.