Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал изҳор дошт, ки доир ба маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони НБО “Роғун” дар вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд (БИР) Мансур Мухтор тавофуқ ҳосил шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар вохӯрии рӯзи 7 феврал, ки дар доираи сафари кории Мансур Мухтор ба ҷумҳурӣ доир гардид, ҷонибҳо дар бораи ҷудо кардани 250 млн доллар ба Тоҷикистон, ки ба сохтмони НБО “Роғун” равона гардидани 150 млн доллараш ба нақша гирифта шудааст, ба созиш расидаанд.

Дар доираи сафари кории зикршуда Мансур Мухтор ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони иншооти НБО “Роғун” шинос шудааст.

Вазир зикр кард, ки айни замон корҳо оид ба таҳияи лоиҳаи созишномаи дахлдор дар ин бора ҷараён доранд.

Ӯ таъкид дошт, ки БИР асосан ба сифати қарзҳои имтиёзнок кумаки молиявӣ пешниҳод мекунад, лекин дар ин ҳолати мушаххас он аз таркибҳои грант ҳам иборат аст.

Ба гуфтаи вазир, дар баробари дигар ҷузъиёт, зимни гуфтушунидҳо ин масъала ҳам ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Дар робита ба ҷалби маблағҳои шарикони дигари рушд барои татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” Завқизода зикр кард, ки “дар ин самт вазорату идораҳои дахлдор бо мададрасонони имконпазири байнулмилалӣ фаъолона кор мекунанд”.

Қаблан Вазорат хабар дода буд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҷалби маблағҳои БИР барои сохтмони НБО “Роғун” дархост иросл намуда, он аз ҷониби Бонки мазкур дастгирӣ ёфт.

Вазорати энергетикаи Тоҷикистон аввали ҳамин моҳ хабар дод, ки ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ҷалби сармояи созмонҳои байнулмилалии молиявӣ баҳри сохтмони неругоҳи “Роғун” гуфтушунидҳо мегузаронад.

Бино ба иттилои ин ниҳод, айни замон барои амалисозии пурраи лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” на камтар аз 5 млрд доллар маблағ лозим аст.

Охири моҳи декабр президенти кишвар зимни ироаи паём ба парлумон зикр кард, ки соли 2022 барои анҷоми корҳои сохтмон дар неругоҳи “Роғун” 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 315 млн доллар) равона гардид. Бо назардошти маблағгузории пешин аз соли 2008 барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” аллакай беш аз 40 млрд сомонӣ харҷ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.