Дар маълумоти омории Тоҷикистон ва Чин фарқияти зиёд ҷой дорад. Чаро ин тавр аст?
Маълумоти омории Тоҷикистону Чин дар соли 2022 оид ба ҳаҷми воридоти молу маҳсулот аз Чин ба ҷумҳурии мо 2,6 баробар фарқ доранд.
Тибқи маълумоти Сарраёсати гумруки Чин, соли гузашта содироти молу маҳсулот аз Чин ба Тоҷикистон зиёда аз 2,2 млрд долларро ташкил дод. Мувофиқи омори расмии Тоҷикистон, ин нишондиҳанда ҳамагӣ ҳудуди 842 млн долларро ташкил додааст.
Аммо чунин фарқияти бузург дар омори ду кишвар дар заминаи тиҷорати мутақобила аз охири солҳои 2000-ум мушоҳида мешавад, ки дар ин давра Чин тадриҷан ба яке аз шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт.
Ба ин тариқ, соли 2012 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Чин тибқи омори Тоҷикистон 670 млн долларро ташкил додааст. Тибқи маълумоти Сарраёсати гумруки Чин бошад, он замон ҳаҷми он қариб ба 1,7 млрд доллар расида буд.
Ҳатто бо чунин коҳиши эҳтимолии ҳаҷми ҳақиқии гардиши мол, тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, Чин (дар қатори Русия ва Қазоқистон) ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дохил мешавад.
Аз Чин ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти ғайриозуқа: масолеҳи сохтмон, мошину таҷҳизот, инчунин номгӯи гуногуни маҳсулоти истифодаи умум, сарулибос, пойафзол, мебел, дастгоҳҳои маишии барқӣ ва ғайра оварда мешаванд.
Ба Чин асосан ашёи хом содир мешавад: минералҳои гуногун, фулузот (металл)-ҳои ранга ва нодир, нахи пахта, пӯсти хом, инчунин матоъ аз абрешим ва абрешими хом, хушкмева ва ғайра.
Ягона гузаргоҳи назоратӣ (постгоҳи “Қулма-Қарасӯ”) дар сарҳади Тоҷикистону Чин дар қисмати шарқи ноҳияи Мурғоби ВМКБ, дар баландии 4365 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.
Қисмати зиёди гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Чин тариқи транзит ба воситаи кишварҳои сеюм амалӣ мешавад.
Роҳҳои транзитии кӯтоҳтарини боркашонӣ байни ду кишвар аз қаламрави Қирғизистон мегузарад. Аммо ин кишвари ҳамсоя сарҳади худро бо Тоҷикистон охири моҳи апрели соли 2022 пас аз даргирии мусаллаҳона якҷониба баст.
Қоидаҳои гуногуни баҳисобгирии гумрукӣ?
Раҳбарияти Хадамоти гумруки Тоҷикистон солҳои пеш ҷой доштани фарқияти зиёдро оид ба омор дар бораи гардиши мол бо Чин тасдиқ мекард ва онро дар навбати аввал чунин шарҳ медод, ки кишварҳо аз методологияи гуногун - қоидаҳои гуногуни баҳисобгирии гумрукӣ истифода мебаранд.
Дар Хадамот зикр мекарданд, ки фарқият бо маълумоти омории гумруки Чин натанҳо бо Тоҷикистон, балки бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ низ ҷой дорад.
“Дар собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аз методологияе истифода мешавад, ки бо созишномаи марбута байни ин давлатҳо маъқул шуморида шудааст, лекин дар Чин методологияи тамоман дигар амал мекунад”, - мегуфтанд дар Хадамот.
Ғайр аз ин, дар Хадамот зикр мешуд, ки ҳамаи техникае, ки аз ҷониби ширкатҳои сохтмони Чин барои бунёди иншооти гуногун дар Тоҷикистон ворид мешавад, дар омори Чин ба содирот дохил шуда, дар омори Тоҷикистон ба сифати воридот ба қайд гирифта намешавад.
Дар Хадамот шарҳ доданд, ки дар Тоҷикистон ин гуна воридотро интиқоли муваққатӣ дониста, ҳамаи маҳсулоти бо ин тарз воридшуда дар омор ба сифати воридот сабт намешавад.
Ғайр аз ин, гумрукчиёни тоҷик ҳатто ба аз арзиши ҳақиқиаш зиёд нишон додани мол аз ҷониби содиркунандагон ишора мекарданд ва изҳор медоштанд, ки дар Чин барои истеҳсолкунандагони молу маҳсулот қоидаи муайяне вуҷуд дорад, ки мувофиқи он, давлат ба онҳо андоз аз арзиши иловашударо аз арзиши моли содиршуда бармегардонад ва ба онҳо баланд нишон додани нархи баланди мол дар ҳуҷҷатҳо “фоидаовар аст”.
Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки фарқи омори додугирифт бо Чин ҳамагӣ "беш аз 15 миллион доллар"-ро ташкил медиҳад.
Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамот, рӯзи 15-уми феврал гуфтааст, “ин рақам аниқ ва пурра аст.
Пул аз тариқи бонкҳо гузаронда шудааст. Касе ғайринақдӣ бурда наметавонист, рафтуомад набуд", - изҳор доштааст ӯ.
Шарҳҳои дигар
Дар ҳамин ҳол, мутахассисони мустақил фарқият дар маълумоти омории ду кишварро ба он рабт медиҳанд, ки қисмате аз молу маҳсулот дар сарҳади Тоҷикистон бидуни ба таври бояду шояд анҷом додани расмиёти гумрукӣ гузаронида мешавад.
“Хатогиҳои начандон назарраси омор дар ҳама ҷо ҳаст, лекин на дар чунин ҳаҷми зиёд. Ҳеҷ як аз фарқияте методологӣ, ки гумрукчиён аз он ҳарф мезананд, ба чунин ҳолат оварда расонида наметавонад, ин ҷо ё коррупсия, ё гузаронидани борҳое ҷой дорад, ки ба шахсони имтиёздор тааллуқ дорад”, - гуфт як мутахассис, ки нахост ному насабаш ифшо гардад.
Ин тахминҳоро баъзе ронандагоне, ки аз Чин бор мекашонанд, низ тасдиқ мекунанд.
Ба гуфтаи боркашонҳо, дар сарҳади гумрукии Тоҷикистон баъзан ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳо, инчунин озодона гузаштани мошинҳои боркаши ҷудогона ҷой доранд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, борҳо дар бораи фасоди молӣ дар миёни кормандони гумрук, ки боиси қочоқ ва хисороти буҷет мешавад, изҳори назар кардааст.
Моҳи майи соли 2019 зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи андозу буҷет ӯ раҳбарияти Хадамоти гумрукро ба беамалӣ айбдор кард. Ба гуфтаи ӯ, кормандони ин Хадамот гузаргоҳҳои назоратиро байнашон тақсим карда, бо салоҳдиди худ интиқоли борҳоро назорат мекунанд.
Ӯ тарзи қочоқи молро тариқи “нанотехнологияи тоҷик” номбар кард, ки технологияи навтаринро фиреб карда метавонад. Президент аз нақшаи қочоқи мол тариқи гузаргоҳҳо изҳори назар кард.
“Ду роҳи қочоқи мол мавҷуд аст. Якумаш, вақте ки мошин мегузараду камера наворбардорӣ мекунад. Рақамҳои давлатиро канда, онро ба мошинҳои дуюму сеюм мечаспонанд. Дар асл 2-3 мошин гузашта, лекин танҳо яктоашро ба қайд мегиранд. Роҳи дуюмаш, вақте ки мол ба гузаргоҳ мерасад, кормандон бо соҳибони бор маслиҳат карда, нархро поин мебаранд ва нархи хостаашонро мегузоранд”, - шарҳ дода буд он замон президент.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар баъзе ҳолатҳо “дар ҳуҷҷатҳо як мол зикр мешаваду дар мошинҳо тамоман моли дигар қарор дорад”.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳама таассуфовараш дар ин ҳолатҳо он аст, ки қочоқ “бо дастгирии кормандони воломақоми хадамоти гумрук сурат мегирад”.