Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба роҳбарони муассисаҳои идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард ва муассисаҳои назорати роҳҳои  автомобилгарди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки омодасозии соҳаро барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 таъмин намоянд.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи ин ниҳод ба масъулони соҳа ҷиҳати бо сифати баланд ва саривақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ, бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта дар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, истифодаи дурусти  рухсатномаҳои байналмилалӣ дастур дода шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ба масъалаи пурра манъ намудани ҳаракати нақлиёти гаронвазн ҷиҳати пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Тавре ки як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар дод, дар ин самт дастур дода шуд, ки назорати иҷрои манъи қаблан ҷоришуда ба ҳаракати нақлиёти гаронвазни беш аз 40 тонна пурзӯр карда шавад, то аз вайроншавӣ ва фарсудашавии роҳҳо пешгирӣ карда шавад.

Ба иттилои манбаъ, дар сурати риоя накардани ин талабот, қонуншиканон мутобиқи моддаи 311-и Кодекси маъмурии кишвар сар аз 3 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима шуда метавонанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин зикр шуд, ки бо вуҷуди афзоиши нишондиҳандаҳои хидматрасонии нақлиёти роҳи оҳан, фарсуда ва корношоям гардидани вагонҳо ва локомотивҳо барои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” чун мушкилоти асосӣ боқӣ мемонад.

Зикр шуд, ки ширкат дар ин давра 54 вагонро аз таъмири асосӣ ва 214 вагонро аз таъмири пойгоҳӣ бароварда, дар 11,9 километр роҳи оҳан  корҳои бардошту ивази релсҳоро анҷом дод.

Масъулини соҳа супориш гирифтанд, ки ҷиҳати сари вақт амалӣ намудани марҳилаи якуми “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар ҶТ барои солҳои 2023-2027” тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Бино ба маълумоти Вазорат, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ 10,8%, гардиши бор 14,2%, мусофирбарӣ 11,3% ва гардиши мусофирон  17,6% афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра  577,3 ҳазор  воситаи нақлиёт, аз ҷумла, 50248 адад нақлиёти боркаш, 15587 адад нақлиёти мусофирбар,  507661 адад нақлиёти хусусӣ, 1780 адад нақлиёти махсус ва 2036 адад мотосикл ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра тавассути ҳама намуди воситаҳои нақлиёт 23 млн. 338,6 ҳазор тонна бор ва 333,5 ҳазор нафар мусофир интиқол дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.