Фаридуни Фарҳодзод, рӯзноманигори тоҷики Ӯзбекистон равобити тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳлил карда, навиштааст, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон давоми панҷ соли ахир 10 баробар афзуда, ҳоло дар ин кишвар бо сармояи Тоҷикистон наздики 300 корхонаву ташкилот фаъолият мекунанд. Ин матлаб дар нашрияи “Овози Самарқанд” интишор шудааст.
Фаридуни Фарҳодзод менависад, ки давоми панҷ соли охир мубодилаи тарафайни мол беш аз 10 баробар афзуда, Тоҷикистон ба даҳгонаи шарики асосии савдою иқтисодии Ӯзбекистон дохил шудааст.
“Ҳоло Тоҷикистон дар қатори даҳ кишвари пешқадаме қарор дорад, ки тӯли соли 2022 беш аз ҳама маҳсулот воридот кардааст. Агар соли гузашта ба ин кишвар бо арзиши 520 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот экспорт гардида бошад, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ин нишондод 117,7 миллион доллари амрикоиро ташкил кардааст”, - навиштааст ин рӯзноманигор.
Ба ҳолати 1‑уми феврали соли 2023 дар Ӯзбекистон бо иштироки сармояи Тоҷикистон 293 корхонаву ташкилот фаъолият дорад ва танҳо дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ бо иштироки сармояи кишвар Тоҷикистон дар ин кишвар 18 корхонаи нав ташкил гардидааст.
Сайёҳӣ миёни ду кишвар
Ба навиштаи ин рӯзноманигор, яке аз самтҳое, ки дар чанд соли охир ба таври назаррас рушд кардааст, ин сайёҳӣ мебошад.
Фаридун Фарҳодзод бо истинод ба маълумоти Агентии статистикаи Ӯзбекистон менависад, ки соли 2022 аз Ӯзбекистон 5,2 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади саёҳат дидан кардаанд ва аз ин теъдод, 1 млн 447,1 ҳазор нафари онҳо аз Тоҷикистон мебошанд.
“Танҳо дар моҳҳои январ-феврали соли 2023 871 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади саёҳат ба Ӯзбекистон омадаанд, ки аз ин теъдод 289,2 ҳазор нафар аз Тоҷикистон будаанд”, - навиштааст Фаридун Фарҳодзод.
Соли 2022 беш аз панҷ миллион шаҳрвандони Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардаанд ва Тоҷикистон яке аз се самти асосии сафари шаҳрвандони ин кишвар будааст. Дар ин сол 785 ҳазор шаҳрвандони Ӯзбекистон аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дидан кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон пас аз солҳои тӯлонии сардии муносибат ва баъди марги Ислом Каримов, аввалин раисиҷумҳури кишвари ҳамсоя, равобити худро дар ҳамаи самтҳо тақвият бахшиданд ва “саҳфаи нав”-ро боз карданд.
Соли 2018 Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури дуюми Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф овард ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот кард.
Дар ҷараёни ин сафар аксари масъалаҳои доғе, ки миёни ду кишвар ҷой доштанд, ҳалли худро пайдо карданд. Ба ин тартиб роҳбарони ҳарду кишвар “Эъломияи таҳкими дӯстии абадӣ ва иттифоқии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро имзо карданд. Ҳоло ду кишвар дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, нақлиёт, энергетика, фарҳангу санъат ва робитаҳои байниминтақавӣ ҳамкории зич доранд.
Дар Тоҷикистон низ чандин корхона бо сармояи Ӯзбекистон бунёд гардида, дар бозорҳои ин кишвар молу маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбекистон фаровон фурӯхта мешаванд.
Как в Таджикистане дискриминируют беременных женщин
Что сказал Эмомали Рахмон коллегам по ОДКБ?
Путин на заседании ОДКБ объявил о начале серийного производства «Орешника»
Завершилась акция «VISA Direct» Банка Эсхата: кто стал обладателем «iPhone 15»?
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
В Таджикистане впервые проведена операция на сосудах головного мозга
Кыргызские авиакомпании могут исключить из «черного списка» Евросоюза, - Жапаров
СМИ: администрация Байдена предоставит Киеву пакет военной помощи на 725 млн долларов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста