Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳафтаи гузашта дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ бо ҷараёни корҳои таҷдиди қитъаи “Қалъаихумб - Ванҷ -дарромадгоҳи ноҳияи Рӯшон”, ки қитъаи бештар хатарнок дар роҳи байналмилалии автомобилгарди “Душанбе - Қулма” дониста мешавад, шинос шуд.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ба ин корҳо моҳи сентябри соли 2022 президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида буд.
“Давоми нуҳ моҳ роҳсозон мавзеъҳои мушкилтарини ин масирро тахту ҳамвор намуда, ба ҳудуди қитъаи 4-ум ва 5-уми лоиҳа дохил шуданд”, - зикр мешавад дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, давоми чанд моҳи охир роҳсозон ба сардии ҳаво ва боронгариҳои пай дар пай нигоҳ накарда, корҳоро дар қитъаҳои хатарнок идома медиҳанд.
“Роҳсозон бо мақсади саривақт ва хушсифат мавриди истифода қарор додани қитъаи мазкур аз техникаи муосири пуриқтидор истифода бурда, роҳи душворгузарро тахту ҳамвор мекунанд”, - омадааст дар хабар.

Бино ба маълумоти Вазорат, масофаи роҳи қитъаи Қалъаи Хумб - Ванҷ айни замон 109 километрро ташкил дода, пас аз таъмиру навсозӣ, то 90 км кӯтоҳ кардани он ба нақша гирифта шудааст.
Ба корҳои таъмиру навсозии ин қитъа ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин машғул аст.
Барои анҷоми корҳои таъмиру таҷдиди ин қитъа ҳукумати Чин ба маблағи 230 млн доллар грант ҷудо мекунад.
Дар ин лоиҳа бунёди роҳи духатаи категорияи сеюми техникӣ, сохтмони 2 нақб бо дарозии 5,2 км, долонҳои нақлиётӣ (галереяҳо) бо масофаи умумиии 490 метр, 15 пул (634 метр) ва ва дигар иншооти муҳандисӣ пешбинӣ шудааст.
Дар назар аст, ки корҳои таъмиру таҷдиди ин қитъаи роҳ охири соли 2024 ба итмом расанд.
Дар маҷмӯъ, роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ - Қулма дар қаларави ВМКБ, ки таъмиру навсозиаш ба нақша гирифта шудааст, ба се қисмат тақсим шудааст.
Бо назардошти мавқеи душвори ҷуғрофӣ корҳои таъмиру навсозӣ қисм-қисм гузаронида мешаванд: Қалъаи Хумб - Ванҷ то сарҳади Рӯшон, Рӯшон - Хоруғ ва Хоруғ - Қулма то сарҳади Чин.
Тибқи арзёбии пешакии Вазорати нақлиёт, барои корҳои таъмиру навсозии роҳи Рӯшон - Хоруғ (масофааш 163 км) 200 млн доллар ва қитъаи Хоруғ - Қулма (масофааш 395 км) - 567 млн доллар маблағ лозим аст.
250 млрд евро в год и 300 тысяч солдат. Именно столько потребуется Европе, чтобы защитить себя без помощи США
Главу Хатлона избрали председателем областного подразделения Федерации футбола Таджикистана
Что такое паназиатская кухня и где в Душанбе ее можно попробовать?
Таджикистан пытается диверсифицировать трудовую миграцию. Эксперты считают, что для этого делается недостаточно
Таджикистанца – водителя упавшего в Мойку автобуса – оштрафовали за фиктивную регистрацию мигрантов
Дональд Трамп объявил о введении «золотых карт» для переезда в США стоимостью около $5 млн
В Афганистане в результате наводнений погибли десятки человек
В Душанбе задержан подозреваемый в серии краж с рынка «Фаровон»
Власти США установят новые правила доступа СМИ в Белый дом
Как в Таджикистане, отказывая бывшим осужденным в работе, их заставляют идти на преступления
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста