Ҳиссаи воридоти маблағ аз андоз ба буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 61%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Дар ҳамин давраи соли 2022 ҳаҷми даромад ба буҷети давлатӣ аз андозҳо 69,8%-ро ташкил дода буд.
Дар семоҳаи аввали соли равон ба “ҳамёни асосӣ”-и кишвар 5,8 млрд сомонӣ аз андозҳо ворид шудааст, ки 7,2% зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад. Ҳудуди 68%-и маблағ аз андоз ба ААИ (2,4 млрд сомонӣ) ва андоз аз даромад (беш аз 1,5 млрд сомонӣ) рост меояд.
Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба зиёда аз 9,5 млрд сомонӣ (каме бештар аз 870 млн доллар) баробар шудааст, ки 5,7% бештар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад.
Мутахассисон интизорӣ доштанд, ки Кодекси андози аз соли 2022 мавриди амал қароргирифта дар марҳилаи аввал ба коҳиши ҳиссаи андоз дар даромади буҷет боис мегардад, зеро баъзе меъёрҳо кам шуданд.
Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши чанде қабли худ зикр карда буданд, ки касри буҷети Тоҷикистон дар соли 2022 асосан аз ҳисоби маблағгузорӣ аз хориҷа рӯйпӯш мешуд.
“Каср қисман аз ҳисоби грантҳои шарикони рушд ва воридотии ғайриандозии бештар баланд ҷуброн шуд”, - зикр мешавад дар гузориш.
Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия доданд, ки давра ба давра аз имтиёзҳои сершумори вобаста ба андоз даст кашад.
"Ин метавонад заминаи андозро васеъ карда, нобаробариро кам кунад", - зикр шуда буд дар Гузориши хароҷоти давлатии Тоҷикистон.
Тибқи маълумоти Кумитаи андози кишвар, соли 2022 бинобар пешниҳоди имтиёз ва сабукиҳои гуногун дар пардохти андоз, пардохтҳо ба маблағи 3,8 млрд сомонӣ (беш аз 370 млн доллар) ҷамъоварӣ нашуданд. Ин маблағ ба чоряки қисми воридот аз андоз ба буҷет дар солҳои пешин баробар аст.
Соли 2022 аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети кишвар ҳудуди 15,4 млрд сомонӣ (1,5 млрд долллар) маблағ ворид шуд.