Соҳибкорони тоҷик тасмим гирифтаанд, ки содироти зардолуро ба давлатҳои Эрон ва Арабистони Саудӣ ба роҳ монанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ноҳияи Ашт иттилоъ доданд.
Бахтиёр Усмонов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, то ба имрӯз корхонаҳои коркарди меваи ҳудуди вилояти Суғдро бо беш аз 1 ҳазору 400 тонна зардолу таъмин карда, ба Русияву Қазоқистон 3 ҳазору 100 тонна зардолу содир кардаанд.
Ҳамакнун, барои ба давлатҳои Эрону Арабистони Саудӣ содир кардани ин навъи мева гуфтушунид доранд.
“Чанд сол ин ҷониб Пӯлод Ашӯров, соҳибкор аз ноҳия Ашт, зардолуи тару хушкро ба Дубай содир мекунад. Ҳоло аз давлатҳои Арабистони Саудӣ ва Эрон ҳам харидорон пайдо шудаанд. Дар наздиктарин фурсат содироти зардолуи Ашт ба ин кишварҳо ҳам оғоз мешавад”, - гуфт сухангӯи раиси ноҳияи Ашт Ҳаётҷони Одил.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Ашт дар вилояти Суғд ҷойгир шуда, яке аз маконҳои ҷамъоварии зардолу ба ҳисоб меравад. Дар ин ноҳия 16 ҳазор гектар боғи зардолу буда, 8,5 ҳазор гектари он ҳосилдиҳанда мебошад.
Деҳқонони ноҳия мегӯянд, ки имсол ҳосили зардолу хуб буда, тахмин карда мешавад, ки то 24 ҳазор тонна зардолу ҷамъоварӣ гардад.
Суғд интизори ҷамъоварии беш аз 100 ҳазор тонна зардолу
Дар умум, бино ба маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, дар ҳудуди вилоят беш аз 35 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд буда, соли гузашта 56 ҳазор тонна зардолу ҷамъоварӣ шудааст. Аз ин миқдор, 7 ҳазору 900 тонна зардолу Русия ва Қазоқистон содир шудааст.
“Айни ҳол ҷамъоварии зардолу дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дошта, дар назар аст, ки то 100 ҳазор тонна зардолу ҷамъоварӣ карда шавад. То 1-уми июни соли ҷорӣ, аз вилояти Суғд 5 ҳазору 827 тонна зардолу ба Русия ва Қазоқистон содир шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 3 ҳазору 127 тонна зиёд мебошад”, - гуфт Абдуазиз Маҳсудзода, муовини сардори Сарраёсати кишиварзии вилояти Суғд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки парвариш ва истеҳсоли зардолу дар шимоли Тоҷикистон асосан дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шудааст. Ҳамасола ҳазорҳо тонна зардолу ва хушкмеваи он ба хориҷи кишвар содир гардида, он яке аз манбаъҳои даромади сокинон маҳсуб меёбад.



Жизнь между переводами, или зачем жителям таджикского села финансовая грамотность
В Казахстане наступил день тишины перед референдумом по Конституции
Госдеп США объявил награду в $10 миллионов за информацию о Моджтабе Хаменеи
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Приговор по «Крокусу», кибератака на «Душанбе Сити» и приостановка финансирования РТСУ
Тренер душанбинского ЦСКА Хуан Кортес уехал домой спустя два месяца после назначения
Какие мероприятия пройдут на Навруз в Душанбе?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 14 марта 2026 года
Спи, моя радость, усни! Как наладить сон ребенка, если он мало и беспокойно спит?
«Азия-Плюс» и «Ориёнбанк» посадили деревья в Душанбе
Суд в Санкт-Петербурге вынес приговор таджикистанцу за оправдание теракта в «Крокусе»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста