Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 8 июн дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар Сочи изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори афзоиши ҳаҷми гардиши моли хориҷӣ бо ҳамаи кишварҳои Иттиҳод (Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон) аст. Қоҳир Расулзода дар ин ҷаласа ба сифати меҳмони даъватшуда ширкат варзид.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳод равобити наздики тиҷоративу иқтисодӣ дорад.
«Дар гардиши савдои хориҷии кишвар дар соли 2022 ҳиссаи савдо бо кишварҳои узви ИИАО 42 фоизро ташкил дод, - гуфт ӯ. - Гузашта аз ин, мо қариб нисфи ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистонро ба кишварҳои узви Иттиҳод содир менамоем ва омода ҳастем, ки минбаъд содироти маҳсулоти кишоварзӣ, пахта, металлҳои ранга ва нодирро ба кишварҳои ИИАО зиёд кунем».
Аммо Расулзода иқтидори маҳдуди гузаргоҳҳои марзӣ миёни кишварҳоро монеа дар роҳи интиқоли маҳсулот ба кишварҳои ИИАО номид. Вай аз зарурати содда ва ҳамоҳангсозии расмиёт ва талаботҳои марбут ба ҳамлу нақли байналмилалии бор ва рушди рақамисозии амалиёти нақлиётию логистикӣ ҷонибдорӣ кард.
Сарвазири Тоҷикистон бахши кишоварзиро яке аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё арзёбӣ кард.
«Тоҷикистон барои парвариши маҳсулоти кишоварзии хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тоза, ки афзоиши солонаи он на камтар аз 8 фоизро ташкил медиҳад, имкони бузург дорад, ки ба густариши иқтидори содиротии кишвар мусоидат мекунад», - гуфт ӯ.
Аммо мушкили расмиёти сабти ном ва масъалаҳои ҳамлу нақл ва сертификатсияи дугона монеаи ҷиддӣ дар роҳи интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба кишварҳои узви Иттиҳод мебошад.
Ёдрас мекунем, ки дар Сочи рӯзи 8 июн ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ва сипас Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё баргузор шуд.