Ҳаҷми содироти неруи барқ аз Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 85,3 млн доллар кам шуда, 971,2 млн кВт/соатро ташкил дод, хабар дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” Абдулло Қурбонзода.
Бино ба маълумоти ӯ, харидорони асосии барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда Афғонистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Соли 2023 ба Афғонистон дар ҳаҷми 682 млн кВт/соат ва Ӯзбекистон - 289 млн кВт/соат неруи барқ фурӯхта шуд.
Ба гуфтаи Қурбонзода, имрӯз ширкати электроэнергетикии «Da Afghanistan Breshna Sherkat» (DABS) ба ширкати “Барқи тоҷик” дигар қарздор нест.
Соли гузашта Афғонистон барои истифодаи барқ аз Тоҷикистон 28 млн доллар қарздор буд.
Пардохт нашудани қарз ба мушкилоти интиқоли пул аз суратҳисобҳои ширкат дар Афғонистон вобаста буд.
Дар бораи ҷузъиёти чӣ гуна роҳи ҳалли худро пайдо кардани пардохти қарз, дар ширкати “Барқи тоҷик” хабар надоданд.
Қобили зикр аст, ки дар мавсими баҳору тобистон барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 9-9,5 млн кВт/соат ва Ӯзбекистон - 6-6,5 млн кВт/соат ва дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми начандон зиёд - шабонарӯзӣ 30-40 мегаватт-соат интиқол дода мешавад.
Ба ин тариқ, ҳатто дар сурати камбуди барқ дар дохили ҷумҳурӣ, Тоҷикистон ба интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя идома медиҳад. “Ин барои аз даст надодани бозор ва корношоям нагардидани таҷҳизот анҷом дода мешавад”, - шарҳ доданд дар ширкати “Барқи тоҷик”.
Ғайр аз ин, бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисод ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ дар нимсолаи аввали соли 2023 дар ҳаҷми 2 млрд 762,2 млн кВт/соат неруи барқ харида шудааст, ки 131 млн кВт/соат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 10 млрд 653,3 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 341,2 млн кВт/соат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад ва суръати афзоиши он 103,3 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҳамаи неруҳои барқи обии шомили ширкати “Барқи тоҷик” 7 млрд 868,6 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст.
Иловатан дар НБО “Сангтӯда-1” 1 млрд 385,5 млн кВт/соат, НБО “Роғун” - 963,7 млн кВт/соат ва НБО “Сангтӯда-2” - 435,5 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст.
Искандеркульская вахта полковника Ионова. Первой гидрометеостанции Таджикистана 95 лет
Фильм «Фуруғ» таджикского режиссера получил награду на кинофестивале в России
Чиновники Бухарской области перейдут на чрезвычайный режим работы, чтобы сократить бедность населения
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста