Мақомоти Тоҷикистон соли дуюм аст, ки аз таварруми бесобиқа паст ҳарф зада, дар ҳамин ҳол, мардум аз нарасидани пул барои харидани ҳатто чизҳои зарурӣ шикоят мекунанд.

Дар асл чӣ аст?

Таварруми идеалӣ

Соли дуюм аст, ки Агентии омор дар бораи қариб сатҳи рекордии пасти таваррум хабар медиҳад. Нархҳо ва тарифҳо дар соли 2022, тибқи маълумоти агентӣ, ҳамагӣ 4,2% боло рафтаанд. Сатҳи аз ин пасти таваррум дар тӯли 31 соли истиқлолияти ҷумҳурӣ танҳо дар соли 2013 (3,7%) ба қайд гирифта шудааст.

Тааҷҷубовар аст, ки дар шароити мушкили геополитикӣ, номуайянӣ ва номутавозинии муносибати талабот ва пешниҳод дар бозорҳои ҷаҳонӣ, дар фазои пасошӯравӣ чунин мӯъҷиза танҳо танҳо дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Наздиктар ба дастоварди Тоҷикистон дар фазои пасошӯравӣ Арманистон – 8,3% ва Гурҷистон – 9,8%  қарор доштаанд.

Сатҳи таваррум дар кишварҳои боқимондаи минтақа дар нишондиҳандаҳои дурақама ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла:

таваррум дар Қазоқистон - 20,3%

дар Қирғизистон - 14,7%

дар Ӯзбекистон - 12,3%

дар Русия - 11,9%.

Ҷолиби диққат аст, ки Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар баробари Чин, интиқолгарони асосии молу маҳсулот ба Тоҷикистон ба шумор мераванд, ки ҳиссаи умумии онҳо дар ҳаҷми умумии воридоти ҷумҳурӣ ҳудуди 75%-ро ташкил дод. Тоҷикистон бошад, ба сафи кишварҳои истеъмолгар шомил аст, зеро тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, аз 19 молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим 10 навъашро ворид мекунад.

Бозори "Меҳргон" дар Душанбе
Сурат аз Шаҳром Шоҳимардонӣ

Бино ба маълумоти оморӣ, тамоили афзоиши сусти нарху тарифҳо дар соли равон ҳам идома дорад. Сарфи назар аз таварруми нисбатан баланд дар моҳи август (0,6%), аз рӯи натиҷаҳои 8 моҳ он 3,2%-ро ташкил дод.

Аз ҷумла:

маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 3,8%

маҳсулоти ғайриозуқа - 4,6%

хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ - 0,1% қимат шуданд.

Агар нарху тарифҳо то охири сол ба ҳамин гуна суръати начандон баланд афзоиш ёбанд, сатҳи таваррум аз рӯи натиҷаҳои сол аз 5,0% поинтар хоҳад буд. Сатҳи муқарррнамудаи ҳадафноки Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ки ба нигаҳдории сатҳи устувори нархҳои дохилӣ машғул аст, дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ) боқӣ мемонад.

БМТ метавонад то андозае ба нархгузорӣ тавассути тағйир додани меъёри бозтамвил ва/ё кам ё зиёд кардани ҳаҷми пулҳо дар муомилот таъсир расонад. Баланд шудани меъёри бозтамвил ва кам шудани ҳаҷми пул дар муомилот боиси паст шудани сатҳи таваррум ва баръакс мегардад. Бонкҳои марказии кишварҳое, ки иқтисоди бозорӣ доранд, афзал медонанд, ки сатҳи таваррумро дар як сол дар ҳудуди 5-6% нигоҳ доранд (таварруми паст ё хазанда). Ин сатҳро иқтисодчиён барои рушди минбаъдаи кишвар беҳтарин медонанд, зеро сатҳи хеле пасти таваррум, бахусус дефлятсия (пастшавии нарх) аз афзоиши баланди нархҳо хатарноктар аст.

Истеъмолгарон инро пай набурданд

Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандон аз он шикоят доранд, ки дар солҳои охир нархҳо нисбат ба маош ва дигар даромадҳо ба маротиб боло рафта, онҳоро водор кардааст, ки харҷи худро ҳарчи бештар кам кунанд.

Баъзеҳо маҷбур шуданд, ки аз хариди молҳои ғайримуқаррарӣ даст кашида, бархе исеъмоли ғизои худро кам карданд ва дигарон низ дар чизи дигаре сарфа мекунанд. Умуман, дар рафти назарпурсии начандон васеи худ бо одамоне вонахӯрдем, ки аз нархгузории имрӯза, бахусус ба молу махсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим қаноатманд бошанд.

Дар баробари ин, на танҳо молу маҳсулоти воридотӣ, ки арзиши онҳо бо нархгузорӣ дар кишварҳои содиркунанда муайян карда мешавад, гаронтар мешавад, балки нархи маҳсулоти маҳаллӣ низ ба таври назаррас боло меравад. Ва инҳо асосан маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ мебошанд, ки як қисми онҳо маҳсулоти зарурати аввалия мебошанд.

Мусоҳибон, бахусус онҳое, ки бо як маош зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, ки пули дар ду соли ахир гирифтаашон бо сабаби болоравии баланди нархҳо хеле беқурб шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар соли ҷорӣ маоши кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст.

Ҳамин тариқ, аз 1 март маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиён 25% ва дигар кормандони ин мақомот 20% зиёд карда шуд.

Аз 1 июл маоши кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20% зиёд карда шуд. Инчунин, аз 1 июль нафақаи заминавӣ 20% афзуд.

Ғайр аз ин, супориш дода шуд, ки нафақаҳои суғуртавӣ индексатсия шуда, онҳо бо андозаи таваррум дар ду соли охир, вале на камтар аз 16% зиёд карда шаванд.

Бо вуҷуди ин, музди меҳнат дар Тоҷикистон ҳатто дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки як минтақаи нисбатан камбизоат дар фазои пасошӯравӣ маҳсуб мешавад, камтарин аст. Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ, тибқи маълумоти Агентиии омор, дар моҳи июли соли равон 2 ҳазору 150 сомонӣ (196 доллар)-ро ташкил додааст.
Сурат: Ulan Egizbaev

Барои муқоиса, тибқи маълумоти расмӣ, то аввали нимсолаи дуюм музди меҳнати миёна дар дигар кишварҳои минтақа тариқи зайл будааст:  

дар Қазоқистон - 807 доллар

дар Ӯзбекистон – 358 доллар

дар Қирғизистон – 352 доллар

дар бораи Туркманистон маълумот дастрас нест.

Илова бар ин, сол то сол дар Тоҷикистон фарқият миёни маоши баланд, ки маъмулан дар ширкатҳои хусусӣ пардохт мешавад ва маоши паст зиёд мешавад.

Музди меҳнати баландтаринро дар кишвар кормандони ширкатҳои миёнарави молиявӣ (ташкилотҳои қарзӣ) ва маоши пасттаринро - кишоварзон мегиранд.

Дар аввали нимсолаи дуюм ҳаҷми маоши хидматчиёни бонкӣ ба 5822 сомонӣ (532 доллар) расид (дар ҳамин давраи соли 2021 ба 4291 сомонӣ баробар буд). Маоши кормандони бахши кишоварзӣ дар ин давра аз 597 сомонӣ то ба 719 сомонӣ (66 доллар) боло рафтааст.

Фаҳмост, ки ягон чиз фаҳмо нест

Нобоварӣ ба омор ҳамеша дар ҳама ҷо вуҷуд дошт, аз ин рӯ  гуфтор дар бораи се дараҷаи дурӯғ - дурӯғ, дурӯғи густохона ва омор низ маъруф аст.

Бо вуҷуди ин, дар бораи дурӯғ ё дурустии баъзе маълумотҳои оморӣ ҳарф задан ниҳоят душвор аст, зеро ягон маълумоти алтернативӣ вуҷуд надорад. Барои он ки маълумоти алтернативӣ оид ба таваррум вуҷуд дошта бошад, ба мисли Агентии омор дар саросари кишвар воҳидҳо таъсис дода, мониторинги мунтазами нарху тарифҳо зарур аст.

Мутахассисони шӯъбаи омор шарҳ медиҳанд, ки баҳсҳои мунтазам дар атрофи тағйири нархи молу хизматрасониҳо ба мавҷуд будани омори расмӣ ва шахси воқеӣ марбут аст.

Онҳо зикр мекунанд, ки омори расмӣ таваррумро дар асоси арзиши як қатор молҳо ва хидматҳо ҳисоб мекунад, ки тақрибан ҳама чизҳои истеъмолкунандагонро дар бар мегирад. Ва ин номгӯй метавонад ҳар моҳ тағйир ёбад.

Ба ин сабад натанҳо ғизо, сарулибос, билети нақлиёт ва хидматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ дохил мешаванд. Он инчунин мебел, техника, масолеҳи сохтмон, бозичаҳо ва ҳатто хӯрок барои ҳайвоноти хонагиро низ дар бар мегирад. Вақте ки дар бозор молу хидматрасониҳоии нав пайдо мешаванд, онҳо ба сабади истеъмолӣ дохил шуда, мутаносибан ба сатҳи ниҳоии таваррум таъсири муайян мерасонанд.

Ва албатта, номгӯи нисбатан ками молу маҳсулоти истеъмолкунандаи инфиродӣ аз сабади Агентии омор фарқ мекунад, аз ин рӯ, ба таваррум дар маҷмӯъ аз рӯи тағйирёбии нархи баъзе молҳо хулоса баровардан ғайриимкон аст.

Илова бар ин, оморшиносон таъкид мекунанд, ки таваррум на танҳо дар манотиқи мухталифи кишвар, балки дар як шаҳру вилоят низ метавонад гуногун бошад.

Сурат: sputnik

Маълум нест, ки ин тавзеҳот то чӣ андоза асосноканд, барои мо онҳо беътимод ба назар мерасанд.

Пешгӯиҳо

Сатҳи ҳадафноки таварруми БМТ дар соли 2023 тавре ки дар боло зикр шуд, ба мисли чанд соли ахир ва дар дурнамои миёнамуҳлат 6,0% (±2 банди фоизӣ) муқаррар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ қаблан пешгӯӣ карда буданд, ки таваррум дар кишвар аз рӯи натиҷаҳои сол “тадриҷан поин рафта дар ҳудуди сатҳи ҳадафноки БМТ - 4-8% боқӣ мемонад ва ба он сиёсати шадиди пуливу қарзӣ мусоидат мекунад”.

“Коҳиши талабот дар ҷаҳон содироти металлҳои қиматбаҳо ва канданиҳои фоиданокро аз Тоҷикистон кам мекунад”, - тахмин мекунанд таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ.

Мутахассисони Бонки авруосиёии рушд дар гузориши моҳи апрели худ таваррумро дар ҷумҳурӣ то охири сол тақрибан дар ҳамин сат - 6,0% пешгӯӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, иқтисодчиёни Бонки осиёии рушд соли ҷорӣ дар Тоҷикистон сатҳи нисбатан баланди таваррум - 7,0%-ро интизорӣ доранд.

Дар “Гузориши рушди Осиё” онҳо пешгӯии худро ба  “беқурбшавии имконпазири асъори миллӣ дар баробари коҳиши қурби рубл, афзоиши минбаъдаи қарздиҳии истеъмолӣ, болоравии маоши хидматчиёни двалатӣ ва нафақаҳо” нисбат медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.