Соли 2023 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳудуди 178 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шуд, ки 13 ҳазор тонна камтар нисбат ба соли 2022 мебошад. Сабаби аслии коҳиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар он аст, ки имсол дар Тоҷикистон бар асари сармои зимистони соли гузашта зиёда аз 60%-и ҳосили ангур талаф ёфт.
Бино ба маълумоти Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон ҳиссаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳама зиёдтар ба хушкмева (83,3 ҳазор тонна), сабзавот (60,7 ҳазор тонна) ва меваи тару тоза (зиёда аз 27 ҳазор тонна) рост меояд.
Аз сабзавот зиёда аз 98%-и содиротро пиёз ташкил медиҳад, ки ба 59,7 ҳазор тонна баробар аст.
Аз меваи тару тоза нисбатан зиёдтар ангур (ҳудуди 10 ҳазор тонна), зардолу (8,9 ҳазор тонна), олу (3,3 ҳазор тонна) ва лимӯ (2,4 ҳазор тонна) содир шудааст.
Яке аз сабабҳои камшавии ҳаҷми содироти меваҳо ба вазъияти ғайримунтазираи марбут ба ангур дар аввали соли 2023 вобаста аст. Бар асари сармо дар Тоҷикистон 60%-и ҳосили он талаф ёфта, дар натиҷа нисбат ба соли пешин ҳаҷми содирот беш аз 29 ҳазор тонна кам шуд.
Дар байни меваҳои хушк содироти омехтаи меваи хушк (38,9 ҳазор тонна) ва зардолуи хушк (беш аз 34 ҳазор тонна) бартарӣ дорад. Бояд гуфт, ки соли равон содироти зардолуи хушк ва лимӯ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон асосан ба Русия, Қазоқистон, Белорус ва кишварҳои дигари Аврупо ва Осиё интиқол дода шуданд.
Ба маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон талаботдар ҷаҳон зиёд аст. Лекин содиркунандагони ватанӣ бо мушкилоти гуногун дар ин самт, аз ҷумла мавҷуд набудани марказҳои савдои яклухту логистикӣ, анборҳои муосир бо таҷҳизоти яхдон ва корхонаҳои бандубасти маҳсулоти тайёр дучор мешаванд.
“Бар асари мавҷуд набудани имконоти нигаҳдорӣ ва захираи сабзавоту мева дар мо, қисмати назарраси он талаф меёбад, - гуфта буд ҳанӯз соли гузашта роҳбари Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода. - Барои ин ба мо сохтани марказҳои савдои яклухту логистикӣ зарур аст. Ҳозир доир ба сохтмони чунин марказҳо дар Тоҷикистон бо кишварҳое чун Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ ва Покистон гуфтушунид кардем”.