Дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон шумори зиёди мошинҳои боркаш (фураҳо) ҷамъ шудаанд. Ба гуфтаи ронандагон, сабаби асосиаш қимат шудани рухсатнома барои убури марз барои мошинҳои боркаш мебошад, ки бар асари он аз боркашонӣ ҳеҷ фоидае ба даст намеояд. Дар ин бора Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мошинҳои боркаш дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳ ҷамъ шудаанд. Яке аз ронандагони мошинҳои боркаш гуфтааст, ки аз оғози соли 2024 дастрас кардани ҳуҷҷат душвор ва қимат шудааст.
“Мо намедонем, ки чаро нархи ин коғаз - рухсатнома якбора 100% баланд гардида 130 доллар шудааст. Ҳеҷ касе аз масъулин дар ин бора ба мо шарҳ намедиҳанд”, - иброз доштааст ӯ.
Ронандаи дигар изҳор намудааст, ки чунин нархгузорӣ барои онҳо мушкили зиёд эҷод мекунад.
“Барои расонидани бор аз Хуҷанд ба шаҳри Тошканд соҳиби бор ба мо 450 доллар роҳкиро медиҳад. Мо 220 доллар барои убури замини Ӯзбекистон пардохт мекунем, 130 доллар барои рухсатнома (дазвол) бар замми ин дар Тоҷикистон барои роҳ, тарозу, сӯзишворӣ пул медиҳем, ҳеҷ фоида нест”, - зикр кардааст номбурда.
Рухсатнома ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Онро ширкатҳои хусусии хидматрасон ба ронандагон медиҳанд.
“Ҳамааш базудӣ ҳал мешавад”
Дар ҳамин ҳол, тавре ки Sugd news менависад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 6 феврал дар ин робита изҳор намудааст, ки “ин мушкилот то Вазорати нақлиёти Тоҷикистон расонида шуда, масъала базудӣ ҳаллу фасл мешавад”.
“Оид ба ин масъала мо ба Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки вилоят ва Хадамоти сарҳадбонии КДАМ дар вилояти Суғд муроҷиат намуда, барои ҳалли масъала муовини раиси вилоят ва мудири шуъбаи масоили ҳуқуқӣ масъул шуданд. Ҳамчунин тариқи ВКХ Тоҷикистон мо ба сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода муроҷиат кардем.
Пас аз ин комиссия таъсис дода шуд. Аъзои комиссия ба гузаргоҳи “Фотеҳобод” омада, вохӯрӣ гузарониданд. Аз ин мушкилот Вазорати нақлиёти кишвар ҳам огоҳ карда шуд”, - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи раиси вилоят, дастур дода шудааст, ки минбаъд ширкатҳо рухсатномаро тариқи ғайринақдӣ дастрас кунанд, то ки барои ронандагон осотар ва қулай бошад.
“Дар баъзе ширкатҳо, ки чунин рухсатномаҳо медиҳанд, амалҳои ғайриқонунӣ ошкор шудааст. Ба ин масъала Вазорати нақлиёти кишвар машғул аст. Ман ҳамчунин ба сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода муроҷиат кардам, то ки ин масъаларо баррасӣ кунем. Мутмаинам, ки рӯзҳои наздик мушкили дарёфти рухсатнома барои гузаштани мошинҳои боркаш тариқи гузаргоҳи “Фотеҳобод - Ойбек” ҳаллу фасл мешавад”, - илова кардааст Раҷаббой Аҳмадзода.
2 года без проверок. Эмомали Рахмон пописал Указ о моратории на все виды проверок предпринимателей
Топ самых используемых приложений, которые облегчили нам жизнь в 2024
Еще жарче: 2024 год стал самым теплым за всю историю наблюдений с 1850-х
«Манчестер Сити» купит узбекского футболиста за рекордную сумму
Global Firepower: Таджикская армия остается самой слабой в Центральной Азии
Франция и Таджикистан: укрепление связей продолжится и в 2025 году
Папа может! Что такое вовлеченное отцовство и почему важно, чтобы оно было в Таджикистане?
Иранская компания планирует производить лифты в Душанбе
В Лос-Анджелесе число жертв пожаров достигло 10 человек
В МВД России отметили снижение количества совершенных мигрантами преступлений
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста