Анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Қалаихумб - Ванҷ - сарҳади Рӯшон, ки як қисмате аз долони мултимодалии байниминтақавӣ мешавад, то охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотии рӯзи 8 феврал дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки ин қитъаи роҳи Душанбе - Қулма қисмате аз долони байниминтақавӣ буда, Чину Тоҷикистонро бо Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон ва Туркия пайваст мекунад.
Ба гуфтаи вазир, масфоаи ин роҳ ба воситаи сохтмони ду нақб, долони зиддитармавӣ (галерея) ва пулҳо 16 км - аз 109 км то 93 км кӯтоҳ мешавад.
Зикр шуд, ки айни замон оид ба таъмиру навсозии қисмати боқимондаи роҳи мошингарди Душанбе - Қулма дар қаламрави ВМКБ (аз дарвозаи ноҳияи Рӯшон то сарҳади Чин) корҳои пешакӣ роҳандозӣ шудааст.
Азим Иброҳим таъкид дошт, ки корҳои лоиҳакашии қитъаи 235-километраи ин роҳ дар арафаи анҷомёбӣ буда, бо ҳукумати Чин доир ба маблағгузорӣ ба қитъаи масофааш 300 км тавофуқ ҳосил шудааст.
Ӯ илова намуд, ки роҳ аз маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз то Душанбе ва минбаъд сарҳади Ӯзбекистон аллакай таъмиру навсозӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки қитъаи Қалъаихумб - Ванҷ - сарҳади Рӯшон қитъаи бештар душворгузари роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ - Қулма маҳсуб меёбад. Барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии он ҳукумати Чин дар ҳаҷми 230 млн доллар грант ҷудо кард.
Ба корҳои асосии таъмиру навсозии ин қитъа ширкати China Road and Bridge Corporation (CRBC)-и Чин машғул аст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе машварати якуми Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодаии Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия (ТӮТЭТ) + Чин доир гардид. Ин гурӯҳ бо тавсияи “Эъломияи Анқара” таъсис дода шуд, ки дар машварати 11-уми вазирони нақлиёти Созмони ҳамкории иқтисодӣ 2 феврали соли 2022 қабул шуд.
Парламентские выборы-2025. Главное, что должен знать избиратель
Компании из Центральной Азии включены в списки антироссийских санкций со стороны Британии и ЕС
В Исфаре задержан вымогатель, угрожавший публикацией компрометирующих фото
Селекционеры Таджикистана вывели пшеницу, дающую два урожая в год
В Узбекистане задержаны члены семьи, перевозившей наркотики из Таджикистана
Президент провел заседание Совета безопасности Таджикистана
Макрон допустил, что перемирие в российско-украинской войне может наступить в ближайшие недели
Война в цифрах. Как изменились население и экономика Украины за три года конфликта
В Таджикистане объявлена дата начала священного месяца Рамазан
В Таджикистане возведут самый длинный автомобильный мост в Центральной Азии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста