Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбарон ва мутахассисони як қатор ширкатҳои сохтмони Эрон, ки ба таъмиру навсозии нақби мошингарди “Истиқлол” машғуланд, дидору гуфтушунид кард.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳадаф аз мулоқот гузаронидани мушоҳидаҳои техникӣ, таҳлили ҷараёни имрӯзаи сохтмон ва татбиқи шартномаи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони нақби автомобилгарди «Истиқлол» мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо оид ба мавзӯи ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои тармиму навсозӣ ба мувофиқа расиданд.
Гуфта мешавад, шартномаи дахлдор дар ин хусус моҳи январи соли 2021 миёни Тоҷикистон ва Эрон имзо шудааст. Дар доираи навсозӣ, аз ҷумла, насби системаи ҳавокашӣ, рӯшноӣ, огоҳии бармаҳал ва бехатарии сӯхтор пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки анҷоми корҳои идомаи сохтмони нақби “Истиқлол”, ки қисмати марказии Тоҷикистонро бо минтақаи шимоли кишвар мепайванд, то охии моҳи ноябри соли 2022 ба нақша гирифта шуда буд. Қаблан дар Вазорати нақлиёт зикр карда буданд, ки бо сабабҳои объективӣ муҳлати амалисозии лоиҳа дароз карда шуд.
Барои анҷоми ин корҳо тибқи маълумоти Вазорат, 11 млн доллар маблағи иловагӣ ҷудо карда шуд.
Ба идомаи корҳои сохтмону таъмир ва навсозӣ дар нақби “Истиқлол” ширкатҳои эронии “Собир” ва “Фароб” машғуланд.
Сохтмони нақби мошингарди “Истиқлол” соли 2003 дар чаҳорчӯби созишномаи дахлдор миёни Тоҷикистону Эрон оғоз гардида буд.
Дар аввал ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор $10 млн. маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, $7,8 млн. – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва $21,2 млн. – қарзи ҷониби Эрон буд.
Маросими расмии ба истифода додани нақби “Истиқлол” соли 2006 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон – Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод баргузор шуд. Лекин аз сабаби хатои лоиҳакашон, аз дохили нақб об ҷорӣ мешуд.
Моҳи апрели соли 2014 ширкати эронии “Собир” корҳои бозсозии нақби “Истиқлол”-ро дубора шурӯъ кард, вале аз сабаби қатъи маблағгузорӣ он боздошта шуд.
Ҳукуматҳои Эрону Тоҷикистон ба тавофуқ расида буданд, ки дар ҳаҷми баробар иловагӣ маблағгузорӣ мекунанд. Аммо бар асари ба сардӣ гароидани муносибатҳо байни кишварҳо, амалисозии ин ниятҳо ба дарозо кашид.
Соли 2021 ҷонибҳо ҷиҳати ҷудо кардани маблағи иловагӣ (5,5 млн доллар аз ҳаоду ҷониб) барои анҷоми сохтмони иншоот ба мувофиқа расида, корҳо аввали моҳи июни ҳамон сол оғоз шуданд.
Нақби “Истиқлол” дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби “Истиқлол” 5,2 километр аст.
Реальные «Мстители». Как Парвиз Джамалов показывает историю таджикского народа через героев Marvel
Таджикистан призвал защитить ледники на фоне глобальной борьбы с опустыниванием
Вылившийся при крушении танкеров в Керченском проливе мазут вынесло на побережье в Краснодарском крае
«Никаких «смотрящих» и воров в законе». Камчыбек Ташиев заявил о победе над ОПГ в Кыргызстане
Таджикистан увеличил импорт зерна из Казахстана: более 1 млн тонн за 10 месяцев
Дефицит воды и ошибки управления. В Таджикистане становится все больше непригодных для сева земель
В Истаравшане возбуждено уголовное дело по факту доведения до самоубийства молодой женщины
Мирзиёев: В Узбекистане уволили почти 300 чиновников за лень и безответственность
Во многих районах ГБАО впервые за последние годы введен энерголимит
Трамп назвал данное Украине разрешение бить по целям в России «ошибкой». Он готов ее пересмотреть
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста