Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ба ҳисоби миёна дар як моҳ 54,5 ҳазор рубл маош мегиранд ва аксарияти онҳо мегӯянд, ки ин пул танҳо барои қонеъ намудани ниёзҳои аввалияи зарурӣ - хӯрок ва сарулибос мерасад.

Музди меҳнати миёнаи муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Маскав ба 54,5 ҳазор рубл (ҳудуди 597 доллар ё худ каме бештар аз 6,5 ҳазор сомонӣ) баробар аст. Дар ин бора дар таҳқиқоти “Муҳоҷирати корӣ аз Осиёи Миёна дар Маскави муосир: мутобиқшавӣ, будубоши қонунӣ, ҳимоя аз ҳуқуқҳо” маълумот дода мешавад, ки аз натиҷаҳои он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Маскав Татяна Потяева хабар додааст.

Тирамоҳи соли 2023 дастгоҳи Омбудсмен миёни 900 муҳоҷири синни аз 18 то 60-сола аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон назарпурсӣ гузаронид.

Маълум шуд, ки нисфи пурсидашудагон бидуни шартномаи меҳнатӣ кор карда, маошро ба таври нақдӣ бе варақаи пардохт (ведомост) мегиранд.

Ҳудуди 44%-и муҳоҷирон якҷоя хона иҷора мегиранд. Танҳо 3,7%-и хориҷиёне, ки ба Маскав барои пулкоркунӣ омадаанд, суғуртаи тиббии пулакӣ доранд. Қариб чаҳоряки пурсидашудагон ҳатто дар сурати зарурати таъҷилӣ ба духтур муроҷиат намекунанд.

Бо ин маош муҳоҷирони корӣ чӣ харида метавонанд?

Дар таносуби фоизӣ онҳо чунин посух доданд:


Муҳоҷирон дар куҷо кор мекунанд?

Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқот, фарзандони 39,1%-и муҳоҷирони тоҷик ҳамроҳашон дар Маскав мебошанд. 37,3%-и онҳо мушкилоти бақайдгирӣ доранд, то ки кӯдакашонро ба кӯдакистон диҳанд. 54,2%-и онҳо дар таҳсили фарзандонашон дар мактаб низ ба мушкилӣ дучор шудаанд.

Аксарияти наврасон аз Тоҷикистон дар бахшҳои ғайрирасмӣ кор мекунанд:


24,8%-и муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд, ки доимӣ бо манзили зист дар Маскав иқомат дошта бошанд.

Зиёда аз 40%-и пурсидашудагон бар ин назаранд, ки сокинони шаҳри Маскав бо онҳо муносибати хуб доранд. Аз бадбинӣ ҳамагӣ 5%-и пурсидашудагон изҳори назар карданд.

Вазъият хушоянд нест...

Ҳамчунин дар бораи ҷараёни ба қайд гузоштани муҳоҷирони корӣ дар Русия маълумот дода мешавад. Ба ин тариқ, дар нимсолаи аввали соли гузашта (с.2023) 960 ҳазор тоҷикистониён барои ба қайд гузоштан ҳуҷҷатҳои дахлдор гирифтаанд.

Тавре ки нашрияи “Коммерсантъ” менависад, президенти Иттиҳоди байнулмилалии “Муҳоҷирати корӣ” Николай Курдюмов вазъиятро “аз лиҳози имкони танзими вуруди муҳоҷирон” ногувор (нохушоянд) номидааст:

“Онҳо эҳтиёҷот ба қувваи кориро дар соҳаҳои барои иқтисод муҳимтарин қонеъ намегардонанд. Маълум шуд, ки аксарияти кулли муҳоҷирон на тавассути агентиҳои расмӣ ва хадамоти шуғли аҳолӣ, балки тариқи дӯстону хешовандонашон кор пайдо мекунанд”.

Роҳбари гурӯҳи таҳқиқотӣ оид ба муҳоҷират ва мансубияти этникӣ дар РАНХиГС Евгений Варшавер дар бораи методологияи таҳқиқот саволҳо дорад: «Аз шарҳ возеҳ нест, ки маълумот чӣ гуна ва бо кадом тартиб ҷамъоварӣ шудааст. Ва бо назардошти он, ки, зоҳиран, маълумот танҳо ба забони русӣ ҷамъоварӣ шудаасту барои таҳқиқоти муосири муҳоҷират қобили қабул нест, метавон тағйироти назаррасро интизор шуд".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.