Сатҳи об дар обанбори Норак, ки кори натанҳо неругоҳи барқи обии ҳамномаш, балки боз 6 чунин неругоҳро дар поёноби маҷрои дарёи Вахш таъмин мекунад, тайи ду ҳафтаи ахир ба таври назаррас боло рафт.
Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, 15 апрел сатҳи об дар обанбори мазкур дар баландии 858.44 метр аз сатҳи баҳр қарор дошт, ки 80 сантиметр зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи аввали моҳ (857,54 см) аст.
Қобили зикр аст, ки сатҳи ниҳоии пур кардани обанбори Норак ба 910 метр аз сатҳи баҳр баробар буда, ба истилоҳ нуқтаи ниҳоӣ, ки пас аз он тибқи регламентти техникӣ истифодаи оби обанбор қатъиян манъ мешавад, дар сатҳи 857 метр ҷойгир шудааст.
Энергетикҳо зикр мекунанд, ки ба болоравии сатҳи об дар обанбор тадриҷан болоравии ҳарорат тайи ҳафтаи ахир мусоидат кард.
Дарёфти маълумот дар бораи маҷро (ҷараён ё вуруд)-и об аз дарёи Вахш ҳоло муяссар нашуд. Ба аввали ҳамин моҳ (3 апрел) ин нишондиҳанда ҳамагӣ 295 метри мукааб дар як сонияро ташкил медод. Барои пурра таъмин кардани кишвар бо бо барқ, маҷрои дарё бояд зиёда аз 500 метри мукааб дар як сонияро ташкил диҳад.
Неругоҳҳои асосии барқи обии Тоҷикистон дар дарёи Вахш сохта шудаанд. Неругоҳи “Норак”, ки то 70% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқро дар кишвар таъмин мекунад, бузургтарин миёни онҳост.
Мебояд гуфт, тайи ҳафтаи ахир таъмини истеъмолгарон бо барқ ба таври назаррас беҳтар шуда, ҳадди ақалл сокинони пойтахт дигар аз қатъи интиқоли он шикоят намекунанд. Ҳамчунин зимни суҳбат бо сокинони деҳот низ маълум шуд, ки таъминот бо барқ дар минтақаҳо ҳам беҳтар шудааст. Ҳозир онҳо дар як шабонарӯз 6-8 соат бо барқ таъмин карда мешаванд. Аввали моҳ ҳолатҳое мешуданд, ки тамоми шабонарӯз ба онҳо барқ дода намешуд.
Ёдрас мекунем, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони гузашта истеъмолгарони барқ бо маҳдудияти шадиди интиқоли он дучор шуданд, ҳарчанд намояндагони ширкати тақсимоти барқ ба ҳар гунае мавҷуд будани реҷаи маҳдуди истифода ё худ лимити онро инкор мекарданд.
Намояндагони бахши энергетикаи кишвар таъкид мекунанд, ки чунин вазъи душвори вобаста ба камбуди об барои истеҳсоли барқ тайи 10 соли ахир ба мушоҳида нарасидааст.
Реҷаи маҳдуд ё худ лимити интиқоли барқ ба деҳот, ки дар он 70%-и аҳолии кишвар зиндагӣ мекунад, аввали мавсими тирамоҳу зимистони гузашта - аз 20 сентябри соли гузашта оғоз шуд.
То батамом душвор шудани вазъият, охири зимистон аҳолӣ субҳ 3 соат ва шомгоҳон - 5-6 соат барқ мегирифтанд.
Охири моҳи феврал вазъият дар минтақаҳо боз душвортар шуда, баъзан истеъмолгарон шабонарӯзӣ бе барқ мемонданд. Илова бар ин, акнун интиқоли барқ ба сокинони шаҳрҳо, аз ҷумла пойтахт низ маҳдуд мешуд.