Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта бо ҳайати Корпоратсияи давлатии «China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дидору гуфтушунид кард.
Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ Завқизода имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ, самтҳо ва соҳаҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва пешниҳоди имтиёзҳои андозиву маъмурӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатиро муаррифӣ намуд.
Зикр шуд, ки China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd-и Чин бо сармоягузории 400 млн доллар аллакай дар самти бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» бо иқтидори 1000 мВт фаъолияти худро оғоз намудааст.
Дар Вазорати рушди иқтисод таъкид мекунанд, ки ин ширкати Чин ҳамчунин дар татбиқи лоиҳаи истихроҷ ва коркарди ангишти кони «Шӯроб» бо иқтидори солонаи истихроҷи 1 млн. тонна ангишт бо коркарди минбаъдаи он ба маҳсулоти кимиёвӣ кор мекунад.
Барои амалисозии лоиҳаи мазкур корпоратсияи Чин равона кардани 60 млн доллар маблағро ба нақша гирифтааст.
Завқӣ Завқизода аз корпоратсияи Чин даъват намуд, ки ба сармоягузорӣ ба истихроҷи ангишт ва газ, истеҳсоли панелҳои офтобӣ, бунёди корхонаҳои металлургӣ, маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, маҷмааи нассоҷӣ ҷиҳати ба роҳ мондани сикли пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ, корхонаҳои фармасевтӣ ва татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки кишвар идома диҳад.
Дар ҳамин вохӯрӣ байни ҶДММ «Талант» ва Корпоратсияи Чин оид ба роҳандозии ҳамкории сармоягузорӣ ҷиҳати ба кор андохтани фаъолияти истихроҷи кони ангишти «Шӯроб» созишнома ба имзо расид.
Қобили зикр аст, ки кони ангишти “Шӯроб” дар 100 километрии ҷанубу ғарби Хуҷанд, дар шаҳри Исфара воқеъ аст. Захираҳои умумии он 300 млн тонна ва захираҳои тавозунӣ 130 млн тоннаро ташкил медиҳанд.
Маълумотномаи Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон
Корпоратсияи давлатии China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd. яке аз азимтарин гурӯҳи корхонаҳо оид ба истихроҷ ва коркарди ангишти энергетикӣ ва коксшаванда дар асоси технологияҳои «сабз» дар Чин ва истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ, аз ҷумла сахарини натрий, электродҳои графитии баландиқтидор ва хокаи майдаи карбиди кремний, нейлон ва пластики муҳандисӣ, риштаи саноатӣ ва матои корд мебошад.
Иқтидорҳои коркарди ангишти корпоратсия 70 млн тонна, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ -200 млрд. юан, дороиҳои умумӣ зиёда аз 240 млрд юан ва фоидаи софи корпоратсия 3 млрд юанро дар як сол ташкил дода, аз рӯи ҳаҷми истеҳсол ва фурӯш маҳсулоти кимиёвӣ дар Чин ва минтақаи Осиё мавқеи якумро ишғол менамояд. Корпоратсия ба қатори 50 ширкатҳои азими «сабз»-и саноатӣ ва 500 ширкати калонтарини эҳсонкори Чин шомил мебошад.
Душанбе. Время, когда деревья были маленькими, а пробки – только в бутылках
Центризбирком Таджикистана утвердил новый состав Маджлиси Милли
В Кыргызстане закрыли «клон» церкви «Адвентистов седьмого дня»
В Казахстане дорожает зерно. Как это отразится на Таджикистане?
Футболистка из Таджикистана продолжит свою карьеру в клубе «Нафтан»
Гала-концерт восточной музыки в Москве: встречаем Навруз - 2025 с размахом
Год с начала серийных убийств в Канибадаме. Сколько человек убиты, кто арестован и как продвигается следствие?
«Публика нас принимала восторженно». Как таджикский балет выступил в Париже
Трамп начинает торговую войну с Европой. Что будет дальше?
В Душанбе будет создан музей истории таджикского футбола
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста