Дар гузориши Бонки осиёии рушд (БОР) гуфта мешавад, дар соли 2023 Тоҷикистон дар садри рӯйхати кишварҳо бо ҳиссаи баландтарини интиқоли пул нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ҳаҷми 48,2% қарор гирифт.
“Имконоти маҳдуд дар кишвар одамонро водор мекунанд, ки дар хориҷа, пеш аз ҳама дар Русия дар соҳаи сохтмону хидматрасонӣ кор ҷӯянд”, - зикр мешавад дар гузориши Бонк.
Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки аксари муҳоҷирони тоҷик мардони синни аз 15 то 44-сола буда, интиқоли маблағ аз ҷониби онҳо ба хароҷоти хонаводаҳо, бахусус ба харидории маҳсулоти ғайриозуқа ва таълим саҳми назаррас доранд.
Дар гузориш бо истинод ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, соли 2023 ба Тоҷикистон 5,7 млрд доллар пул интиқол дода шуд, ки ин 6,6% нисбат ба соли гузашта бештар буда, маблағи рекордӣ барои ҷумҳурӣ мебошад.
Зикр мегардад, ки соли 2022 интиқоли пул ба ҷумҳурӣ “ногаҳон афзуда” то 5,3 млрд доллар (49% нисбат ба ММД) расид, ки қариб ду баробар аз ҳаҷми соли 2021 (2,9 млрд доллар) зиёд аст.
То соли 2022 ҳаҷми нисбатан зиёди интиқоли пул ба Тоҷикистон дар соли 2013 - ҳудуди 3,7 млрд доллар ба қайд гирифта шуда буд.
Қобили зикр аст, ки пас аз оғози ҷанг миёни Русия ва Украина мутахассисони ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ аз коҳиши сатҳи интиқоли пул аз Русия, аз ҷумла ба Тоҷикистон интизорӣ доштанд. Аммо бархиофи ин пешгӯиҳо, ҳаҷми интиқол баръакс, зиёд шуд.
Дар бораи теъдоди дақиқи муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия маълумот додан душвор аст, зеро маълумоти расмии ду кишвар аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Мувофиқи маълумоти омори Русия, дар қаламрави ин кишвар зиёда аз 1,5 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, лекин дар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон зикр мекунанд, ки теъдоди онҳо ҳатто ба 1 млн нафар намерасад.
Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон, соли 2023 каме бештар аз 600 ҳазор аз ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, аммо бино ба маълумоти ниҳоди муҳоҷирати Русия, танҳо дар зарфи 9 моҳ беш аз 800 ҳазор муҳоҷирони тоҷик барои ҷустуҷӯи кор ба ин кишвар омадаанд.
Он сделал первые цветные снимки Центральной Азии. Был большим талантом, но умер в безвестности
«Ее действительно избили». Результаты проверки Минобрнауки подтвердили факт нанесения побоев учительнице из Вахдата
Ровно год прошел с нападения боевиков ХАМАС на Израиль и захвата заложников. Хроника войны на Ближнем Востоке
Нобелевскую премию по медицине присудили за открытие молекул микроРНК, важных для диагностики опухолей
Как разбогатеть в Таджикистане, выращивая виноград
Первый микрофинансовый банк: ребрендинг и амбициозные цели
Хакеры атаковали ВГТРК, прервалось онлайн-вещание телеканалов «Россия-1» и «Россия 24»
Япония помогла оснастить медоборудованием Национальный диагностический центр в Душанбе
Четвертый бой в UFC: Муину Гафурову дали не проигрывающего соперника из Японии
Почему Кремль ополчился на мигрантов в России?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста