Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои пурра намудани сармояи оинномавии ҶСК "НБО Роғун" 77,5 млн сомонӣ (ҳудуди 7,3 млн доллар) ҷудо кунад.
Қарори дахлдори ҳукумат дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст.
Дар санад зикр мешавад, ки маблағ аз Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ҷудо шуда, дар навбати худ Фонд ин маблағро аз ҳисоби бақияи суратҳисоби суди саҳмияҳои ба буҷети ҷумҳуриявии давлат воридшуда мегирад.
Гуфта мешавад, қисмате аз ин маблағҳо (42,3 млн сомонӣ) ба “пардохти маблағҳои хидматрасонии паймонкорон ва таҳвилгарони молу маҳсулот” равона мегардад.
Дар назар аст, ки боқимонда 35,2 млн сомонӣ соли 2025 ба пардохти қарзҳо аз рӯи евробондҳо, ки соли 2017 барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ҷалб шуда буданд, равона гардад.
Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон ин аллакай бори сеюм аст, ки барои эҳтиёҷоти сохтмони НБО “Роғун” тариқи Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз буҷет маблағ ҷудо мешавад.
Ба ин тариқ, моҳи январи соли ҷорӣ ҳукумат бо қарори худ супориш дод, ки ба идомаи сохтмони НБО “Роғун” аз ҳисоби Фонди мазкур 100 млн сомонӣ (зиёда аз 9,1 млн доллар) ва моҳи апрел - 60 млн сомонӣ (зиёда аз 5,5 млн доллар) равона созад.
Маблағҳо ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисмати даромади буҷетҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ ворид мешаванд. Дар Буҷети соли 2025 муқаррар шудааст, ки 25% чунин маблағҳо ба Фонд равона карда мешаванд.
Маблағҳои ин Фонд маъмулан ба рушди соҳаи таъминот бо сӯзишворӣ ва энергетика, таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар, рушди бахшҳои иҷтимоӣ ва таъмини саривақтии баргардонидани қарзи давлатии хориҷӣ равона мешаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, давоми соли равон ба идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” равона гардидани 5 млрд сомонӣ (456 млн доллар) маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Дар назар аст, ки ҷудо гардидани 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби ҷалби маблағгузорӣ аз хориҷа ва қисмати боқимонда - аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат гирад.
Соли 2023 ба идомаи сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷет равона гардидани 2,5 млрд дар назар буд, лекин ба гуфтаи раҳбарияти Вазорати молия, барои зиёд кардани ин маблағ то 5,2 млрд сомонӣ имкониятҳо пайдо шуданд.
Аввали моҳи феврали соли 2024 Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод, ки барои анҷоми сохтмони НБО “Роғун” ҳамасола бояд 1 млрд доллар сарф шавад ва дар маҷмӯъ барои иҷрои комили ин тарҳ 6,2 млрд доллар лозим аст.
Бино ба маълумоти ҳукумат, аз соли 2008, замони дубоа барқарор шудани амалисозии лоиҳаи НБО “Роғун” барои идомаи сохтмони иншооти мазкур зиёда аз 40 млрд сомонӣ равона гардидааст.
Маълумотномаи “Азия-Плюс”
НБО “Роғун” аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.
Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.
В России введут ГОСТ на шаурму
В Таджикистане отмечена рекордно низкая за все годы независимости инфляция
Дружба дружбой, а бизнес бизнесом. Узбекистан повысил растаможку таджикского цемента
Китай, Кыргызстан и Узбекистан соединит железная дорога. Ее строительство начнется 27 декабря
Власти РФ рассказали, когда начнется тестирование детей мигрантов на знание русского языка
Российский нападающий ФК «Худжанд» попал в необычный рейтинг
Партнеров стало еще больше: совершайте праздничные покупки с рассрочкой «Душанбе Сити Банк»
Мировые цены на кофе достигли рекорда. Как это повлияет на таджикский рынок?
Путин и Рахмон обсудят «острые миграционные вопросы»
ДУМ России отозвал фетву о многоженстве после представления Генпрокуратуры
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста