Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба сохторҳои зертобеи вазорат дастур дод, ки қатораи пилотии роҳи оҳанро тавассути долони нақлиётии «Чин–Тоҷикистон–Узбекистон–Туркманистон–Эрон–Туркия–Аврупо ба роҳ монанд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин дастур дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи аввал ва вазифаҳо барои давраи минбаъда дода шуд.
Ҳамчунин вазир ҷиҳати бунёди хатҳои роҳи оҳани нави транзитӣ ва марҳила ба марҳила нав кардани вагону локомотивҳо супоришҳо дод.
Қаблан Азим Иброҳим изҳор дошта буд, ки нақлиёти роҳи оҳан аз муҳимтарин соҳаи стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Зимн суханронӣ дар чорабинӣ бахшида рушди долонҳои мултимодалии байнулмилалии нақлиётӣ моҳи май дар Қазон ӯ зикр кард, ки зиёда аз 70%-и амалиёти содироту воридоти ҷумҳурӣ тариқи нақлиёти роҳи оҳан сурат мегирад.
Ба гуфтаи вазир, дар соҳаи роҳи оҳан айни замон беш аз 10 лоиҳаи муҳими рушд ба маблағи умумии ҳудуди 7,5 млрд доллар таҳия шудааст.
Азим Иброҳим ҳамчунин таъкид дошт, ки феълан дар ҷумҳурӣ 10 долони афзалиятноки савдо ва транзит муайян карда шудааст, ки қаламрави ҷумҳурии моро аз Шарқ ба Ғарб ва аз Шимол ба Ҷануб убур мекунанд.
“Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди долонҳои мултимодалии иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро бо мамолики Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, Туркия ва давлатҳои Аврупо мепайвандад ва ба бандарҳои баҳрӣ роҳ мекушояд, таваҷҷуҳи махсус медиҳад”, - иброз дошт вазир.
Вазир зикр кард, ки ҷиҳати истифодаи самараноки долони «Тоҷикистон – Узбекистон –Туркманистон – Эрон–Туркия», ки ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад, корҳо фаъолона идома доранд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Қазоқистон, охири ҳафтаи гузашта Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон имкони сохтмони роҳи оҳани навро, ки ин кишварҳоро бо Покистону Ҳиндустон мепайвандад, баррасӣ карданд.
Ин ҷо дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тургунди-Ҳирот-Қандаҳор-Спин Булдак, ки аз сарҳади ғарбии Туркманистон тариқи Афғонистон ба Покистон ва минбаъд ба Ҳиндустон мегузарад, сухан меравад.
Саҳми муштаракро дар амалисозии лоиҳаи мазкур роҳбари Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Мамметхан Чакиев пешниҳод кард.
Ба гуфтаи ӯ, Туркманистон аллакай бунёди маркази логистикиро дар Тургунди бо ҳамтоёни афғони худ мувофиқа карда, ояндаи наздик ният дорад, ки ба сохтмони он оғоз кунад.
Сохтмони иқтидорҳо барои қабулу нигоҳдорӣ ва боркунии зироати ғаладона, контейнер ва дигар борҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки баъди татбиқи лоиҳа маркази логистикӣ ба афзоши гардиши боркашонӣ аз ҷониби Тургунди такон мебахшад.
12 программ для бесплатной учебы в CША, Японии, Великобритании, Германии и не только
Что стало с землей бывшего «Зеленого базара» в Душанбе?
«Наши выступили блестяще». Эргаш Махмадбеков – об итогах чемпионата мира по дзюдо среди юниоров
Спикер парламента Ирана приедет в Таджикистан. Какова цель визита Калибофа?
Сына бен Ладена депортировали из Франции. Ему запрещен въезд в страну
Как сохранить ягнобский язык?
Ассоциация охотников Таджикистана выделила 2,1 млн сомони на развитие отдаленных районов
Дело P. Diddy. Что на самом деле происходило на вечеринках рэпера?
Министр транспорта Таджикистана поручил подготовить дороги к зиме
Тайны китайских праздников: от гонок на драконьих лодках до волшебных фонарей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста