Се соли оянда Тоҷикистон ният дорад, ки аз нисф зиёди молу маҳсулоти воридотиро дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол карда, ба ин васила вобастагӣ аз воридотро коҳиш диҳад.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода имрӯз, 6 август зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 61,7 млрд сомонӣ ва суръати воқеии афзоиш - 8,2%-ро ташкил дод.
Афзоиши суръати рушди иқтисоди миллӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,5%, бахши кишоварзӣ - 9,6%, хидматрасониҳои пулакӣ - 16,6%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ - 15,7%, гардиши савдо - 11,9%, ҳамлу нақли бор - 13,8% ва мусофирбарӣ - ба андозаи 9% таъмин шудааст.
Ба гуфтаи Солеҳзода, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ барои давраи солҳои 2025-2027 таҳия шудааст.
Мувофиқи ин ҳуҷҷат, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар дурнамои нархи солҳои дахлдор ҳамасола тақрибан 20% ва маҳсулоти кишоварзӣ - 7,5% боло меравад.
Дар соли 2027 Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷиро то 9,7 млрд доллар, аз ҷумла содротро то 3,5 млрд доллар ба нақша гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 ба зиёда аз 4,4 млрд доллар, аз ҷумла содирот - қариб ба 1 млрд доллар расид. Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои ҷумҳурӣ зиёда аз 8,3 млрд доллар, аз ҷумла содирот - 2,4 млрд долларро ташкил дода буд.
Ба иттилои Вазорат, давоми се соли наздик содироти барқ 38% афзуда, 5,5 млрд киловатт-соат ба маблағи 190 млн долларро ташкил хоҳад дод. Содироти алюминии аввалия то 128 ҳазор тонна ба маблағи 292 млн доллар расонида шуда, сатҳи афзоиш дар муқоиса бо пешгӯиҳои соли равон 77,4%-ро ташкил хоҳад дод.
Дар ин давра ҳаҷми содироти маҳсулоти меваю сабзавот, семент, ҷӯробу либосҳои бофандагӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамзамон, дар робита ба мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нави коркарди ашёи хом дар дохили кишвар, содироти нахи пахта, маъданҳо ва консентратҳо ба андозаи 20-40% коҳиш меёбад.
Ғайр аз ин, дар се соли наздик Тоҷикистон ният дорад, ки воридоти маснуоти макарон, маҳсулоти гӯшту шир, орд, равғани растанӣ ва нуриҳои минералиро ба андозаи 10-30% коҳиш диҳад.
Дар ин давра воридоти мол аз қабили маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, гилхок, чӯб ва гандум зиёд карда мешавад. Ин гурӯҳи маҳсулот барои истеҳсоли дигар маҳсулоти воридотивазкунанда дар дохили кишвар муҳим аст. Асосан ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.
Искандеркульская вахта полковника Ионова. Первой гидрометеостанции Таджикистана 95 лет
Фильм «Фуруғ» таджикского режиссера получил награду на кинофестивале в России
Чиновники Бухарской области перейдут на чрезвычайный режим работы, чтобы сократить бедность населения
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Главы МИД Таджикистана и Китая обсудили договоренности лидеров двух стран
"Озоди": "Боим" экстрадирован в Таджикистан из Турции, куда уехал после 14 лет отсидки в России
Разложение мозга. Оксфордский словарь назвал слово 2024 года
Спецпредставитель ЕС: «Молодежи Таджикистана нужны образование и рабочие места»
Smartup: инновационные технологии для дистрибьюторов Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста