Дар шаш моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба арзиши 456,6 ҳазор доллар ба Қирғизистон молу маҳсулот интиқол додааст. Ин нишондиҳанда дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ба сирф баробар буд. Дар ин бора, Ҳакимбек Накҳатзода, сардори Сарраёсати Агентии омор дар Суғд дирӯз, 14-уми август зимни нишасти хабарӣ бо такя ба маълумоти оморие, ки аз Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд дастрас кардааст, иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, дар нимсолаи аввали имсол Тоҷикистон аз Қирғизистон ба арзиши 83 ҳазор доллар молу маҳсулот, аз ҷумла ба 2,9 ҳазор доллар қувваи барқ ворид кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,9 ҳазор доллар кам аст. Нимсолаи аввали соли пор Тоҷикистон аз Қирғизистон ба арзиши 16 ҳазор доллар, аз ҷумла 3,8 доллар қувваи барқ ва 10,5 ҳазор доллар обгармкунакҳои барқӣ ворид карда буд.
Тибқи маълумотҳои омории Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд пеш аз баста шудани марз дар соли 2021 аз кишвари Қирғизистон ба Суғд беш аз 70 навъ мол ворид мешуд. Молу маҳсулоти содиротӣ ҳам беш аз 35 номгӯйро бар дар мегирифт. Дар муддати се соли марзбандиҳои ҷониби Қирғизистон аз 72 номгуй моли воридотӣ 70 номгуй коҳиш ёфта, ҳамагӣ 2 номгуй боқӣ мондааст.
Ба маълумоти Агентии омори ҶТ, соли 2019 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо 54,2 млн долларро ташкил дода, ҳамагӣ ба 1,2% аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон баробар буд. Он замон ҳудуди 80%-и ҳаҷми савдои дуҷониба ба интиқоли мол аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ва каме бештар аз 20% ба содирот аз Тоҷикистон рост меомад.
Какое место может занять Центральная Азия на рынке критически важных минералов?
От токсичного дыма к менее вредным альтернативам: как мир борется с курением
Байден раскритиковал Трампа, ни разу не назвав его по имени
В Дангаре успешно провели первую операцию по трансплантации печени
Таджикистан и Иран обсуждают сотрудничество в экономике и безопасности
Пострадавшие от землетрясения в Раште переселены, населению доставлена помощь
"Евгений Онегин" и "Криминальное танго": как прошел второй день фестиваля "Парасту-2025"
Трамп пообещал платить нелегальным мигрантам, которые согласятся добровольно покинуть США
В Душанбе пропадают дети: Объясняем, что делать, если ваш ребенок не вернулся домой
«Душанбе Сити Банк» представил новое поколение цифровых решений на открытии IT Park
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста