Ҳукумати Тоҷикистон бо имзои як қарор Вазорати молияи кишварро муваззаф кард, ки барои харид ва зихираи гандуми истеъмолӣ аз дохили кишвар ба Оҷонсии захираҳои модии назди ҳукумат 50 млн сомонӣ (тақрибан $4,7 миллион) қарзи бефоиз дар муддати як сол диҳад.
Дар қарори дахлдори ҳукумат аз 24-уми августи соли 2024, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, гуфта мешавад, ки қарз аз ҳисоби Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод дода мешавад.
Ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон супориш шудааст, ки истифодаи мақсаднок ва баргардонидани маблағҳои қарзиро ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод таъмин карда, оид ба истифодаи мақсадноки онҳо ба ҳукумати кишвар ва Вазорати молияи ҳисобот пешниҳод кунад.
Зикр кардан зарур аст, ки маблағҳои Фонди стабилизатсионии рушди иқтисод аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пурра мешавад. Дар буҷети давлатии соли 2024 муқаррар шудааст, ки ба Фонд 25% чунин маблағҳо равона карда мешаванд.
Маблағҳои ин Фонд одатан барои рушди соҳаи сӯзишворӣ ва энергетика, таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъмини саривақтии хидматрасонии қарзи давлатии хориҷӣ равона карда мешаванд.
Бояд гуфт, талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум дар ҳаҷми тақрибан 2 миллион тонна арзёбӣ мешавад.
Тибқи маълумоти расмии оморӣ, дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар дохили ҷумҳурӣ зиёда аз 600 ҳазор тонна гандум истеҳсол шудааст.
464 ҳазор тоннаи иловагии ин маҳсулот ба маблағи беш аз $132 миллион аз хориҷа асосан, аз Қазоқистон ворид шудааст. Арзиши миёнаи ҳар тоннаи воридшуда тақрибан $285-ро ташкил додааст.
Воридоти гандум нисбат ба нимаи аввали соли гузашта аз рӯи вазн 10,2% ва аз рӯи арзиш 10,5% афзоиш ёфтааст.
Ҳиссаи гандум дар ҳаҷми умумии воридоти ҷумҳурӣ дар нимаи аввали соли ҷорӣ 3,9%-ро ташкил дод.
Центральная Азия: за 10 лет 218 тысяч человек получили гражданство благодаря инициативам ООН
ЧП в узбекском зоопарке: три сбежавших из клетки льва растерзали мужчину, съев по частям
Новый постпред АБР подтвердил готовность поддержать энергетические проекты в Таджикистане
Гражданина Узбекистана задержали по подозрению в убийстве российского генерала
Мигрант 2024-го года: коллективное наказание от «большого брата»?
Таджикские школьники завоевали 18 медалей на Евразийской олимпиаде по информатике
В Узбекистане 22-летний студент получил пять лет за участие в военных действиях в Украине
Moody's присвоил «Коммерцбанку Таджикистана» рейтинг «B3» с прогнозом «стабильный»
Фальшивые лекарства в Таджикистане: как уберечь себя от подделки?
Глава Согда обсудил с активистами Канибадама серию жестоких убийств в городе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста