Давоми соли равон дар Тоҷикистон аксари маводи хӯрока нисбат ба соли гузашта гарон шудааст. Аз ҳама бештар нархи гӯшт ва меваю сабзавот афзоиш ёфтааст. Болоравии нархи гӯшт аз моҳи июл шуруъ шуд ва айни ҳол арзиши як кило гӯшти гов дар шаҳри Душанбе 90 сомонӣ ва ва гӯсфанд 88 сомониро ташкил медиҳад. Ду моҳ қабл арзиши як кило гӯшти гов аз 76-78 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 75-76 сомонӣ буд.
Ба иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон нархи гӯшт дар як моҳ (июл нисбат ба июн) 13% ва нисбат ба соли 2023 қариб 30% афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар нимсолаи аввали соли 2024 нархи гӯшти гов 13,3%, гӯшти гӯсфанд 10,8, моҳӣ 2,8%, шакар ва маҳсулоти қаннодӣ 4%, равғани офтобпараст 4,5%, равғани пахта 0,5% қиммат шудааст. Дар нимсол нархи тухм 17%, орд 4,4% ва шир 3,6% арзон шудааст.
Ҳамчунин, танҳо дар як моҳи сол равон- июл нархи сабзавот аз қабили сабзӣ 10,4%, пиёз 8,9 карам 12,6%, чакка 11,1%, шакар 1,2 % боло рафтааст.
Тоҷирон сабаби боло рафтани нархҳоро дар бозор гарон шудани арзиши маҳсулот дар бозорҳои умдафурӯшӣ медонанд. Вале сокинон нигаронӣ мекунанд, ки соҳибкорон барои фоидаи бештар қасдан нархҳоро қимат мекунанд.
Хабарнигори “Азия‑Плюс” рӯзи 10-уми сентябр аз нарху навои маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе дидан кард. Дар аксҳои зерин метавонед бо нархи маҳсулоти хӯрока дар пойтахт шинос шавед:
Почему Душанбе назвали будущей столицей всей Азии?
Как частная школа "Империя знаний" сочетает бизнес и высококачественное образование
КЧС предупредил об угрозе лавин и камнепадов в горах Таджикистана
Дорогостоящая инаугурация Дональда Трампа: где ее смотреть
Кубок ФФТ-2025: Названа сумма призового фонда турнира
Саудовская Аравия вводит для паломников обязательную вакцинацию от менингита
Кто может стать балериной и куда поступить на дирижера в Таджикистане?
МИД Афганистана призвал отменить запрет на образование для женщин и девочек
В Китае казнили въехавшего в толпу пешеходов мужчину
В России перестанут действовать иностранные водительские права получивших ВНЖ, РВП или гражданство
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста