Президенти Ӯзбекистон дастур дод, ки Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018 тасдиқ карда шавад.
Тавре ки дар портали Пойгоҳи милии маълумоти қонунгузории Ӯзбекистон хабар дода мешавад, ин протокол 18 апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расида буд.
Тибқи қарори Шавкат Мирзиёев ба Вазорати корҳои хориҷӣ дастур дода шудааст, ки “ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи иҷрои расмиёти дохилии зарурӣ барои мавриди амал қарор гирифтани шартномаҳои байнулмилалии мазкур, инчунин мақомоти салоҳиятдори масъул барои татбиқи онҳо” огоҳиномааи дахлдор фиристода шавад.
Чунин мақомот Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон муқаррар шудааст.Дар санад соддатар кардни гузариши транзитии автомашинаҳои боркаш тариқи қаламрави ҳарду кишвар пешбинӣ шудааст.
“Мувофиқи Протоколи имзошуда, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд. Тартиби нав баъди тасвиби (ратификатсияи) Протокол аз ҷониби ҳарду давлат мавриди амал қарор мегирад”, - хабар дода буд қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
“Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлат дода мешавад ва он ба истифодаи воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар қаламрави давлати дигар ба қайд гирифта шудааст, барои иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад”, - шарҳ дода буд Вазорат.
Рухсатнома - санади якдафъаинаи иҷоза барои гузариши воситаи нақлиёти як кишвар бо бори вазнин, калонҳаҷм ё хатарнок тариқи қаламрави кишвари дигар мебошад. Ба ҳар як санад рақами махсус дода мешавад. Дар гумрук рухсатнома баста шуда, истифодаи такрории он манъ аст. Рухсатномаҳо барои боркунӣ ё фаровардани бор, инчунин барои транзит дода мешаванд.
Санади мазкур дар Тоҷикистон ба мошинҳои боркаш аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт бо пардохти маблағи муайян тавассути ширкатҳои логистикӣ дода мешавад.
Акнун барои он, ки протокол мавриди амал қарор гирад, он бояд аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
Бино ба маълумоти Вазорат, феълан, дар натиҷаи густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳамасола тавассути қаламрави ду кишвар беш аз 1200 боркашонии транзитӣ амалӣ карда мешавад.
Дар Вазорат таъкид мекунанд, ки айни замон, ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистон, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, аз ҷумла бо транзит тавассути қаламрави онҳо бидуни рухсатнома амалӣ карда мешавад, ки ин имкон медиҳад вақти интиқол ва хатари осебёбии борҳо хеле коҳиш ёбад.
“Ин тадбирҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи стратегӣ – табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари транзитии минтақа андешида мешаванд”, - зикр мекунанд дар Вазорат.
Моҳи майи соли ҷорӣ ронандагони мошинҳои боркаши Тоҷикистон ҷиҳати ба дарозо кашидани ҷараёни ҳалли масъалаи гузариши транзити тариқи қаламрави Ӯзбекистон бидуни рухсатнома шикоят карда буданд.
Аз ин пештар зикр карда буданд, ки рухсатномаро тариқи миёнаравҳо бо нархи баланд дастрас мекунанд. Моҳи сентябри соли 2021 ронандагони мошинҳои боркаш ба масофаҳои дур ҳатто дар назди бинои Вазорати нақлиёт даст ба гирдиҳамойӣ зада буданд.
«Музыка – моя основная страсть». Валиджон Азизов о хайпе, секретах успеха и настоящем живом исполнении
«Молодежь в бизнесе»: нетворкинг, поддержка и истории успеха
«Меня, последнего динозавра советской культуры, забыли…» Хошим Гадо обратился с открытым письмом к президенту Таджикистана
Зарплаты курьеров в России превзошли доходы IT-специалистов
Рогунскую ГЭС назвали «ядром регионального рынка электроэнергии в Центральной Азии»
Безразличие и коррупция. Президент Таджикистана раскритиковал представителей судебной системы
ЕБРР и НБТ при поддержке Европейского Союза обучают специалистов финсектора Таджикистана
Как увеличить срок службы автомобиля: лайфхаки, о которых вам не расскажут автосервисы
Глава «Спитамен Иншуренс» вошел в ТОП-100 успешных людей Таджикистана
ЕАБР занес в единую базу данные о финансировании стран региона международными донорами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста