Шурӯъ аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё "лимит"-и барқ расман ҷорӣ шуд. Дар ин бора ширкати "Барқи тоҷик" бо нашри як муроҷиатнома хабар дода, мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон кард.
Ин ниҳод аз аҳолӣ хост, ки "ба зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд."
"Таҷрибаи солҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки барои таъмини сифатноки барқ дар мавсими сармо ҷорӣ кардани маҳдудият дар давраи нисбатан гарм будани ҳаво барои аҳолӣ мушкилоти зиёд намеорад", - омадааст дар муроҷиатномаи “Барқи тоҷик”.
Сабаби ин тасмимро ширкат “сол аз сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба барқ” унвон карда, гуфт, ки имкон дорад ба дарёи Вахш об камтар ояд.
Вале “Барқи тоҷик” дақиқ нагуфт, ки дар як шабонарӯз сокинон бо чанд соат нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, сокинони музофоти кишвар гуфтанд, ки шурӯъ аз рӯзи 20-уми сентябр “лимит”-и барқ ҷорӣ шудааст ва дар як шабонарӯз 8-10 соат барқ доранд.
Онҳо гуфтанд, барқ субҳ соати 5:00 рӯшан шуда, соати 8:00 хомӯш мешавад ва бегоҳ аз соати 17:00 то соати 22:00 фурӯзон хоҳад буд.
"Барқи тоҷик" аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки "ба давраи зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқро сарфакорона истифода намоянд".
Бояд гуфт, ки ҳамасола аз моҳи октябр то апрел дар кишвар маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешуд. Солҳои пеши "Барқи тоҷик" вуҷуди "лимит"-и барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард. Танҳо пас аз расидани зимистон, шикояти сокинон ё интиқоди раиси ҷумҳур эътироф мекард, ки дар кишвар “лимит” ҷорӣ шудааст
Таъмини аҳолӣ бо барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилҳои асосии Тоҷикистон аст. Қаблан, масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва "Барқи тоҷик" гуфта буданд, ки то неругоҳи "Роғун" пурра ба кор надарояд, "лимит"-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.
Сарфи назар аз камбуди барқ дар дохили кишвар, Тоҷикистон ҳамасола ба Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ мефурӯшад. Ба иттилои Оҷонсии омори кишвар, дар 8 моҳи соли равон ба хориҷа зиёда аз 1 млрд киловатт соат барқ содир кардааст, ки арзишаш ба беш аз 82,3 миллион доллар мерасад.
Таджикистану помогут с внедрением стандартов исламского банкинга
«Это твои дочери, не мои». Как живут таджикские многодетные семьи, в которых родились только девочки
Ситора Рахими признана лучшим HR-директором телекоммуникационной отрасли Таджикистана
Дональд Трамп: «Крым останется с Россией. И Зеленский понимает это»
ОАЭ предупредили Ташкент о возможной отмене безвиза – из-за преступлений с участием граждан РУз
КЧС Таджикистана предупредил о возможных селях: жителей просят соблюдать осторожность
В Подмосковье при взрыве автомобиля погиб генерал Минобороны РФ
Пострадавшим от землетрясения в Раште и Таджикабаде направили стройматериалы
Судебная власть в Таджикистане нуждается в реформе
ИИ уничтожает человечество в 2030 году: один из сценариев будущего искусственного интеллекта
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста