Ба ҳолати 1 январи соли равон ҳаҷми умумии қарз аз пардохти андозҳои дохилӣ дар Тоҷикистон 740,2 млн сомонӣ (ҳудуди 68 млн доллар)-ро ташкил додааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал дар Душанбе раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, бақияи қарзҳо аз андоз дар муқоиса бо аввали соли 2024 ба андозаи 65,4 млн сомонӣ кам шудааст.
“Сарфи назар аз фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, беҳбуди хидматрасонии давлатӣ бо шакли электронӣ ва соддаву осон кардани иҷрои уҳдадориҳои пардохти андоз, баъзе субъектҳои хоҷагидорӣ то ҳол ба риоя накардани меъёрҳои қонунгузорӣ роҳ медиҳанд”, - иброз дошт раиси Кумита.
Давлатзода зикр кард, ки соли 2024 Кумитаи андоз 20,5 ҳазор ҳолатҳои нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи андозро ошкор намуда, маблағи умумии ҷаримаҳои маъмурӣ 409 млн сомониро ташкил додааст.
Раиси Кумита қарздорони калонтаринро номбар кард, ки ба ҳиссаи онҳо ба сурати умум қариб нисфи қарзҳо аз андоз рост меояд.
Ӯ субъектҳои зеринро номбар кард:
- ҶСК «Шабакаҳои тақсимот» - 177 млн сомонӣ;
- корхонаҳои зертобеъи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати ҶТ – 81 млн сомонӣ;
- корхонаҳои зертобеъи Хоҷагии манзилию коммуналӣ – 18,6 млн сомонӣ;
- ҶСК «НБО Сангтӯда-1» - 26 млн сомонӣ;
- Кони «Фон-Яғноб» - 11 млн сомонӣ;
- ҶСК «Ангишт» - 11 млн сомонӣ.
Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, Феҳристи давлатии ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025 аз 365,3 ҳазор субъектҳои хоҷагидорӣ иборат буд, ки 15 ҳазор ё худ 4,3% зиёдтар дар муқоиса бо аввали соли 2024 мебошад.
Из Таджикистана в Камбоджу: как долететь и что важно знать, собираясь в поездку
5 мифов о детских браках, или почему можно и нужно вмешиваться в вопросы традиций
Стало известно, когда таджикские спортсмены получат премию президента Таджикистана
Американские ученые обнаружили в мозге «отключающие» аппетит нейроны
ХАМАС освободил трех израильских заложников со вторым гражданством
Железные ворота: невероятное ущелье в Байсуне, где по легенде сыграл свадьбу Александр Македонский
МВД России предупредило о возможности заражения телефона вирусом через WhatsApp
Команды, регламент и даты. Каким в Таджикистане будет новый футбольный сезон?
Жителя Вахдата заподозрили в растлении несовершеннолетних
Зеленский в Мюнхене отказался подписать соглашение на передачу США 50% полезных ископаемых Украины
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста