Аз 1-уми апрел нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон шуд. Аҳолӣ акнун назар ба нархи пешина 15% зиёдтар пардохт мекунад. Муттахассисон бар ин назаранд, ки сабаби болоравии таърифаҳо (тарифҳо) истифодаи нерӯи барқ камдаромадии соҳа аст. Сабаби чандон самаранок набудани соҳа пардохтҳои чандтарафа мебошад. Яъне ин ба он маъно аст, ки шумо зиёд, вале ҳамсояатон тамоман пардохт намекунад.
То 1-уми апрел 1 киловатт соат барои аҳолӣ 30,75 дирам нарх дошт, аз моҳи апрел он то 35,36 дирам расид. маслан, агар моҳи март шумо барои нерӯи барқ тақрибан 120-140 сомонӣ пардохт мекардед, пас аз 1-уми апрел он 138-161 сомониро ташкил хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол, агар аҳолӣ дар як моҳ аз сатҳи 10 ҳазор кВт/соат зиёдтар нерӯи барқ истифода барад, барои ҳар як киловатти иловагӣ бояд 2,3 баробар зиёдтар - 80,90 дирам пардохт кунад.
Таърифаҳо барои дигар категорияҳои истеъмолгарон тариқи зайл тағйир ёфтанд:
- барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 35,36 дирам (қаблан - 26,51 дирам);
- барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр – 12,27 дирам (қаблан - 9,2 дирам) ва аз 1-уми октябр то 31-уми март – 35,36 дирам (қаблан - 26,51 дирам);
- барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 12,27 дирам (қаблан - 9,2 дирам);
- барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) – 16, 81 дирам (қаблан - 12,6 дирам);
- барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1-уми май то 30-юми сентябр – 14,19 дирам (қаблан - 10,64 дирам) ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел – 80,90 дирам (қаблан - 60,65 дирам);

- барои муассисаҳои ғайрибуҷетии соҳаи маориф – 60,70 дирам (қаблан - 45,51 дирам);
- барои Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) – 20, 77 дирам (қаблан - 18,06 дирам);
- барои Ҷамъияти саҳомии “Азот” – 35,36 дирам (қаблан - 30,75 дирам);
- барои корхонаҳои насоҷиии коркарди нахи пахта – 40,45 дирам (категорияи нав).
Ёдовар мешавем, ки таърифаҳои нерӯи барқ то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва баъдан ҳамасола боло бурда шуданд. Танҳо дар солҳои 2020-2021 ҳукумат тасмим гирифт, ки бинобар сабаби вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодии марбут ба оқибатҳои пандемия, аз боло бурдани нархҳо худдорӣ кунад. Пас аз ин нерӯи барқ барои аҳолӣ ба андозаи 56% қимат шуд (аз 22,66 дирам то 1-уми октябри соли 2022).
Тайи 15 соли ахир арзиши нерӯи барқ барои истеъмолгарони маишӣ қариб 4 баробар (аз 9 дирам барои 1 киловатт дар соли 2010) боло рафт.

Нархи истифодаи барқ дар мо пасттар аст?
Энергетикҳои тоҷик ҳар як болоравии нархи барқро дар навбати аввал ба тавсияҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ рабт медиҳанд. Яъне ин ҷо мо коре карда наметавонем, зеро шартҳои мададрасонҳои молиявии мо чунинанд.
Ҳамчунин онҳоро моро мутмаин мекунонанд, ки гӯё таърифаҳои мо пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст ва он хароҷоти истеҳсолу интиқол ва тақсимоти барқро намепӯшонад.
Дарвоқеъ ҳам аҳолии Қазоқистон ва Ӯзбекистон барои барқ зиёдтар пардохт мекунанд. Вале бояд донист, ки 80-90%-и барқ дар ин кишварҳо дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол шуда, барои истеҳсоли он дигар навъҳои сӯзишворӣ (гази табиӣ, ангишт, мазут) истифода бурда мешавад.
Дар Тоҷикистон то 95%-и нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Таври маълум, онҳо аз об бепул истифода мебаранд (танҳо андоз - роялти пардохт мешавад).
Тибқи арзёбии мутахассисон, хароҷоти истеҳсоли барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ҳадди ақалл 4-6 маротиба зиёдтар нисбат ба хароҷот дар нерӯгоҳҳои бари обӣ мебошад.
Ҳаҷми хеле зиёди барқ аз ҳисоби марказҳои барқу гармидиҳӣ дар Туркманистон истеҳсол мешавад. То 1 январи соли 2017 ин ягона кишваре дар ҷаҳон буд, ки шаҳрвандонаш бепул аз барқ истифода мебурданд.
Пас аз ин таърифаи миёна барои шаҳрвандони ин кишвар (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷуз хориҷиён) 0,0581 манат (1,6 сент бо қурби Бонки марказии Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2017) муқаррар шуд. Маълумот доир ба тағйирёбии эҳтимолии таърифаҳо дар ин кишвар аз ҳамон замон дар манбаъҳои боз дастрас нест.
Аҳолии Тоҷикистон айни замон барои 1 киловатт 2,8 сент ва аз 1 апрел - 3,2 сент (тибқи қурби БМТ дар рӯзи 27 марти соли 2025) пардохт мекунад.
Ягона кишвари минтақа, ки дар он чун дар Тоҷикистон қисмати хеле зиёди барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад, Қирғизистон (ҳудуди 90%) мебошад.
Тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Қирғизистон, айни замон сокинони ин кишвар бо меъёри истифодаи то 700 кВт/соат барқ дар як моҳ барои 1 кВт/соат 1,1 сом (ҳудуди 1,3 сент) пардохт мекунанд. Дар ҳолати аз ин меъёр зиёд будани истифода, ҳар 1 киловатт 2,39 сомо (2,8 сент) нарх хоҳад дошт.
Яъне 1 киловатт барқ барои истеъмолгари маишӣ (аҳолӣ)-и Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон 2,5 баробар арзонтар аст.
Ин ҷо саволи мантиқие ба миён меояд. Чаро барои энергетикҳои қирғиз 1,3 сент қобили қабул асту барои энергетикҳои тоҷик 2,8 сент кам аст?
Илова бар ин, сатҳи пардохтпазирии аҳолии Тоҷикистон дар муқоиса бо аҳолии Қирғизистон нисбатан пасттар аст.Маоши миёна дар Қирғизистон моҳи январи соли равон 455 доллар ва Тоҷикистон - 270 долларро ташкил дода буд.
Муттахассисон нокомии молиявии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва дар натиҷа мунтазам болоравии арзиши барқро ба ду мушкили асосӣ, ки дар тӯли даҳсолаҳо ҳалли худро наёфтаанд, нисбат медиҳанд.

Пардохтҳои чандтарафа
Яке аз сабабҳои асосии камдаромадии соҳа, ки ба ҳамасола мунтазам болоравии арзиши барқ боис мегардад, ҳам аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ ва ҳам коршиносони мададрасонҳои молиявии байнулмилалӣ пардохтҳои чандтарафа ё худ мутақобила номида мешавад.
Пардохтҳои чандтарафа як навъи табъизи нарх мебошад, ки дар он сатҳи таърифаҳои пастшуда барои як категорияи истеъмолгарон бо афзоиши таърифаҳо барои дигарон ҷуброн мешавад.
Ба ин васила дар навбати аввал корхонаи бузурги иқтисоди кишвар - Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дастгирӣ мешавад. Тайи солҳои ахири Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) даромад аз корхона ба буҷети ҷумҳурӣ то 20%-ро ташкил медод. Дар Кодекси андоз аз 1-уми январи соли 2022 ҳаҷми андоз аз фурӯши алюминий аз 3% дар Кодекси пешина то 1% поин бурда шуд.
Дар ҳолати камбуди шадиди барқ давоми 8 моҳ ин корхона истеъмолгари асосии он боқӣ мемонад (10% аз ҳаҷми умумии барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда). Барои 1 киловатт корхона ба таври имтиёзнок 20,77 дирам пардохт мекунад.
Барои муқоиса, дигар корхонаҳои саноатӣ барои 1 киловатт нерӯи барқ 80,90 дирам ва аҳолӣ - 35,35 дирам пардохт мекунанд.
Илова бар ин, бо ҳамин тарзи имтиёзнок низ корхона наметавонад пули барқро пардохт кунад. Бино ба маълумоти ҶСК “Шабакаи тақсимоти барқ”, қарзи ТАЛКО аз барқ дар соли 2024 қариб 220 млн сомонӣ (20,2 млн доллар) афзуда, то 1 январи соли 2025 ба 571,5 млн сомонӣ (52,6 млн доллар) расидааст.
Байни корхонаҳои дорои имтиёз Комбинати металлургии Тоҷикистон низ қарор дорад, ки дар давраи баҳору тобистон (аз 1 май то 30 сентябр) барои 1 киловатт ҳамагӣ 14,19 дирам ва дар давраи тирамоҳу зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) мисли дигар корхонаҳои саноатӣ 80,90 дирам пардохт мекунад.

Тирамоҳи соли гузашта ба ин қатор ҳамчунин истеҳсолкунандаи нуриҳои минералӣ - ҶСК “Азот”-ро низ ҳамроҳ карданд, ки дар муқоиса бо дигар корхонаҳои саноатӣ барои барқ 2,3 баробар камтар маблағ пардохт мекунад.
Сатҳи баланди талафот
Мушкили аслии бахши электроэнергетикаи ҷумҳурӣ ҳамоно талафот боқӣ мемонад.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, талафоти барқ дар низоми электроэнергетикии Тоҷикистон дар соли 2024 ҳудуди 4,5 млрд киловатт-соат (бидуни назардошти воридот) ё худ 20% аз ҳаҷми истеҳсолро ташкил медиҳад, яъне ҳар як панҷум киловатт барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда талаф меёбад.
Тибқи арзёбии мутахассисон, талафот зимни истеҳсол ва интиқоли барқ, ки энергетикҳо онро талафоти техникӣ мешуморанд, чандон зиёд нестанд - поинтар аз 4%.
Барқ дар ҳаҷмҳои зиёд ҳангоми тақсимоти он талаф меёбад. Ин талафот ба талафоти тиҷоратӣ, яъне дуздӣ марбут дониста мешавад.
Ба гуфтаи Ҳомидҷон Орифов, собиқ котиби Кумитаи байнулмилалии сарбандҳои бузурги Тоҷикистон, талафоти тиҷоратӣ дар талафоти умумӣ ҳиссаи зиёдро дар бар мегиранд ва онҳо ба омили инсонӣ марбутанд.
Ӯ мегӯяд, чунин талафот ба дуздии барқ, мутобиқ набудани пардохти барқ ба нишондиҳандаҳои ҳисобкунак аз ҷониби истеъмолгарони маишӣ, таъхири пардохтҳо, пардохт нашудани пули барқ ва дигар сабабҳо вобаста аст.
Дар Вазорати энергетикаи Тоҷикистон зикр мекунанд, ки коҳиши талафоти барқ яке аз ҳадафҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт тавассути амалисозии лоиҳаҳо чорабиниҳо роҳандозӣ мешаванд.
Таъкид мешавад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон, Кӯлоб, Бохтар ва ҳамчунин ноҳияи Данғара лоиҳаҳо оид ба талафоти барқ мавриди амалишавӣ қарор доранд. Дар Вазорат ҳамчунин умедворанд, ки то соли 2027 ҳамаи истеъмолгарон бо ҳисобкунакҳои маснӯӣ (зеҳнӣ) таъмин карда мешаванд.
“Амалисозии лоиҳаҳо дар ин самт ба табдили талафот ба электроэнергияи самаранок имкон медиҳад”, - хулоса мекунанд дар Вазорати энергетика.
Президенти кишвар дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 27 март аз истифодаи ғайриоқилонаи барқ ва меъёри зиёди талафот дар шабакаҳо изҳори нигаронӣ кард. Ӯ дастур дод, ки барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва пардохти нашудани маблағи истифодаи он ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ карда шавад.
Дар пайи он палатаи поёнии парлумони кишвар тағйиру иловаҳо ба кодесҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул кард, ки тибуи он барои истифодаи ғайриқонунии барқ, аз ҷумлаи дуздии он аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол ба зиндон пешнибнӣ мекунад.
Зимнан, қарзи умумӣ дар бахши энергетика (бо назардошти қарзҳои ҷалбшуда барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳа) ҳудуди 40 млрд сомониро ташкил медиҳад, ки ба 26%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли гузашта баробар аст.








