Маблағи қарз барои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон то 1-уми июли соли равон ба 4 млрд 465,5 млн сомонӣ (468 млн доллар) расид. Дар ин бора дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ин нишондиҳанда 340,5 млн сомонӣ ё худ 8,2% зиёдтар нисбат ба аввали соли 2025 аст.

 

Қарздорони бузург


 

Чӣ қадар нерӯи барқ истеҳсол шуд?

Дар зарфи 6 моҳи аввали соли равон истеҳсоли нерӯи барқ дар саросари кишвар 11 млрд 812 млн кВт*соатро ташкил додааст, ки 1 млрд 445,5 млн кВт*соат ё худ 12,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Нерӯи барқ аз ҷониби ширкату корхонаҳои зерин истеҳсол шуд:


 

Содироти нерӯи барқ

Дар нимсолаи аввал аз ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 322,6 млн сомонӣ 1 млрд 123,3 млн кВт*соат нерӯи барқ содир шудааст.

Ҳаҷми интиқол ба хориҷи кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 405 млн кВт* соат ё худ 56,4% афзудааст.

Нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои зерин интиқол ёфтааст:


 

Талафот

Талафоти умумӣ дар низом (система) 2 млрд 262,2 млн кВт*соатро ташкил додааст, ки ба 17,2%-и истеҳсол баробар аст. Ҳаҷми талафот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 3,3% кам шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.