Маҳбуси муассисаи ислоҳии И/13 (зиндони Ёвон), шаҳрванди Эрон Меҳдӣ Камбарӣ рӯзи 16-уми май ҳангоми кӯшиши фирор намудан захмӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, айни замон маҳбуси захмишуда дар бемористони зиндон қарор дорад. «Дар Тоҷикистон Камбарӣ барои убури ғайриқонунии марз ба 2 соли зиндон маҳкум шуда, кӯшиши гурехтан кардааст. Кормандони зиндон чандин маротиба ӯро огоҳ кардаанд, ки биистад, вале ӯ ба ин итоат накарда, дар натиҷа аз силоҳ оташ кушода шудааст. Маҳкумшуда аз пояш захмӣ шуда, феълан вазъи солимиаш қаноатбахш аст», - гуфт манбаъ ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин ҳодиса худдорӣ варзид.

Дар ҳамин ҳол, зимни суҳбат бо «Азия-Плюс» корманди дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев дар ин робита изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик намояндаи Омбудсмен ба аёдати маҳкумшуда Меҳдӣ Камбарӣ меравад. «Овозаҳо дар бораи гӯё дар роҳ ба бемористон ҳалок шудани маҳбуси захмишуда асоси воқеӣ надоранд. Имрӯз ман бо намояндаи ин зиндон суҳбат карда, ба ман хабар доданд, ки Камбарӣ аз пояш ду захм гирифтааст. Баъди ин ҳодиса ӯ дарҳол ба беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон оварда шуда, ҷарроҳӣ шудааст ва ҳозир дар бемористони зиндон аст. Рӯзҳои наздик мо ба аёдати маҳбуси захмишуда рафтанием», - гуфт Нидоев.

Бино ба иттилои ӯ, Меҳдӣ Камарӣ қаблан дар Эрон низ барои авбошӣ маҳкум шуда будааст.