Дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, ду нафар кормандони милиса мавриди ҳадафи тири ҳамкори худ қарор гирифтанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҷойи ҳодиса дар ин робита хабар дод, ин ҳодиса рӯзи 19 октябр ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба иттилои манбаъ, кормандони милисаи ҳадафи тири ҳамкори худ қароргирифта, ки аз таппончаи хизматии Макарови мутаалиқ ба ӯ парронида шудаанд, ба ҳалокат расидаанд. Ба қавли манбаъ, кормандони милисаи ҳалокшуда Маҳкам Сафаров ва Алишер Шехназаров мебошанд. Аз исми корманди милисаи тирпарронида ном бурда нашуд.

Шоҳидони ҳодиса, сокинони деҳа ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ин куштори ду нафар дар хонае, ки Алишер Шехназаров муваққатан дар он иқомат доштааст, ба амал омадааст.

«Пас аз куштор корманди милиса ба шуъба омада, бо таҳдид ба навбатдор бо таппонча автоматро гирифта ба кӯча мебарояд ва дар маркази деҳа ба тирхоликунӣ ба ҳаво оғоз мекунад. Ӯро пиронсолне, ки дар наздикиҳо будаанд, бо як душоврие ором мекунанд ва вақте каме ором мешавад, худаш ба сардори милиса занг зада, таслим шуд», - мегӯянд шоҳидони воқеа.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов, далели тирпарронӣ миёни кормандони милиса дар Исфара ба қайд гирифта нашудааст.

Дар акси аз ҷониби хонандагон фиристодашуда - аз чап ба рост Маҳкам Сафаров, Алишер Шехназаров.