Автомашинаи тамғаи «Тойота Кемри»-и Фаромӯз Саидови 23-сола, писари муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ба автомашинаи корҳои таъмиру роҳсозии хадамоти коммуналии шаҳр бархӯрда, бар асари он 2 нафар ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса шаби рӯзи 10 сентябр дар мавзеи наздики боғи ҳайвоноти пойтахт рух додааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати кишвар хабар дод, бар асари ин садамаи нақлиёт мусофирзани автомашинаи Ф. Саидов - сокини 25-солаи пойтахт Ҳилола Раҳимова дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаааст.
Ҳамчунин корманди хадамоти коммуналии шаҳр, сокини 30-солаи ноҳияи Варзоб Рустам Сатторов низ ба ҳалокат расидааст.
Худи Ф.Саидов бо ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст.
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз рӯи ин далел тафтишот идома дорад.