Давоми соли 2016 бар асари сӯхтор дар вилояти Суғд 6 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки яке аз онҳо ноболиғ будааст. Ҳамчунин дар ин давра аз коми оташ 24 шаҳрванд наҷот ёфта, беш аз 40 миллион сомонӣ молу маҳсулот эмин нигоҳ дошта шудааст.
Бино ба иттилои Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд, соли 2016 дар ҳудуди вилоят 431 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки хисороташон беш аз 2,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби умумии сӯхторҳо 80% дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба амал омадааст, ки маблағи зарари онҳо наздик ба 2 миллион сомониро дар бар мегирад. Яке аз сабабҳои аслии сар задани сӯхторро масъулин риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ маънидод мекунанд.
Ҳодисаҳои сӯхтор дар ҳудуди вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 адад зиёд шудааст. Аз ин рӯ, кормандони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилоят шаҳрвандонро ҳушдор медиҳанд, ки қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқиву газӣ бояд риоя карда шавад, зеро аксари ҳодисаҳои сӯхтор дар фасли сармо ба вуқӯъ меоянд.
Бо мақсади пешгирии сӯхтор аз тарафи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ таҳти унвони “Марҳилаи муҳофизат” гузаронида шуда, моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта ҷараён гирифт.
Барои саривақт ба маҳалли ҳодиса рафтану хомӯш кардани сӯхтор техникаҳои наву замонавӣ аз кишварҳои Олмон ва Русия харидорӣ шудааст. Бино ба иттилои масъулин, захираи оби он нисбат ба нақлиёти сӯторнишоние, ки солҳои қаблӣ истифода мешуданд, то ду маротиба зиёдтар мебошад ва ин имкон медиҳад, ки алангаи оташ ба зудӣ хомӯш карда шавад.
Тавре мутасаддиён изҳор медоранд, аксари ҳодисаҳои сӯхтор аз беаҳамиятӣ ба амал меоянд, аз ин рӯ, бояд ҳар нафар ҳангоми истифодаи таҷҳизот эҳтиёткор шуда, ҷони худу атрофиёнро дар хатар нагузорад, зеро дар урфият ҳам мегӯянд: "Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ".
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
Правоохранители Таджикистана задержали подозреваемых в массовых убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста