Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта бар асари лағзиши тарма дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 7 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуотиКумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, рӯзи 28 январ дар шоҳроҳи Ишкошим-Хоруғ, Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол ва махсусан дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи фаромадани тарма дар ВМКБ 2 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расиданд.

Хадамоти матбуоти КҲФ ва МГ

Гуфта мешавад, дар натиҷаи фаромадани 40 тарма ва боришоти барфи пуршиддат шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд баста ва беш аз 200 мошин дар муҳосираи тармаву ғарами барф монданд. Барои ташкили кор ҷиҳати интиқоли одамон ва овардани онҳо то макони бехатар гуруҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда созмон дода шуд.

Хадамоти матбуоти КҲФ ва МГ

Дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷот аз 28 то 29-уми январ наздик ба 800 нафар одамон ва 50 мошини боркашу 150 мошини сабукрав макони амн интиқол дода шуд. То бегоҳии 29-уми январ наҷотдиҳандагони Кумита  аз ҷарии  150 метр  4 ҷасад ва аз мошин 1 ҷасадро ёфтанд.

Барои тоза кардани роҳи мошингард ва бартарафсозии оқибатҳои офат хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) 6 адад техникаро аз ду тараф сафарбар намуд. Дар ҷойи тарма барои таъмини бехатарии одамон постгоҳҳои иловагӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS гузошта шуданд.

Хадамоти матбуоти КҲФ ва МГ

Зимнан зикр мегардад, ки дар роҳи мошингарди Душанбе - Хоруғ - Мурғоб ҳамоно ҳолати вазнин ҳукмфармост. Бар асари резиши барф ва лағзиши тарма дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнони ВМКБ роҳҳо баста шудаанд. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офат, ки ахиран созмон дода шуд, шабонабарӯз фаъолият мекунад.

Ҳамчунин хотиррасон мешавад, ки аз аз 28 то 30 январи соли ҷорӣ эҳтимолияти лағзиши тарма дар навоҳии  ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе - Хоруғ, Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Ҷиргатол, Хоруғ - Мурғоб, Хоруғ - Ишкошим низ боқӣ мемонад.

Дар ин иртибот Кумита аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар қатъиян хоҳиш кардааст, ки аз сафар намудан ба ин мавзеъҳо  муваққатан худдорӣ намуда, ҷони худ ва наздикони хешро ба хатар наандозанд. Ҳолати тармафароӣ боз 3-4 рӯзи дигар идома хоҳад кард.