Шаби гузашта наҷотдиҳандагон ба аз ғарами барф берун овардани автомашина бо панҷ нафар кумак карданд, ки байни онҳо зане бо кӯдакаш ҳам ҳузур дошт.
Ин ҳодиса дар километри 68-уми роҳи Душанбе - Хуҷанд ба вуқӯъ пайваста, соати 22-30 дақиқаи шаб кормандони ширкати IRS ва БДА дар ин хусус ба онҳо тариқи телефон хабар додаанд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), маълум шудааст, ки автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» бо ронандаву 4 мусофираш, ки миёни онҳо зане бо кӯдакаш ҳам ҳузур доштааст, дар иҳотаи барф мондааст.
«Автомашина ба Хуҷанд раҳсипор буда, сарфи назар аз огоҳиҳои КҲФ дар бораи хатари яхбандиву тармафароӣ дар роҳҳои кӯҳӣ, чархҳои автомашина бо резинаҳои зимистонӣ ва занҷирҳои бехатарӣ муҷаҳҳаз карда нашудаанд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти КҲФ Умеда Юсуфова.
Номбурда қайд кард, ки амалиёти наҷотдиҳии онҳо аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумита каме бештар аз 1 соат давом карда, баъди автомашинаро аз ғарами барф берун овардан, онҳо ба сафари худ ба Хуҷанд идома додаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хотиррасон мекунад, ки дар натиҷаи гармшавии обуҳаво ва боридани борон дар минтақаҳои кӯҳистон, хатари тармафароӣ бамаротиб боло рафта, фишор аз тармаи тар дар 1 метри мураббаъ 50 тоннаро ташкил медиҳад!
Аз ин рӯ, Кумита бори дигар бисрор аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки мувофиқи имкон аз сафар ба қитъаҳои дорои хатари тармафроӣ худдорӣ намоянд.