Дар вилояти Суғд модару кӯдакро автомашина пахш намуда, модар зинда монд, вале кӯдак дар бемористон ба ҳалокат расид.
Шоми рӯзи 15 феврал ронандаи 29-сола ҳангоми ҳаракат дар шаҳри Исфара зани 38-солаи сокини маҳаллӣ ва писари 9-солаи ӯро бо автомашинааш зер кардаааст.
Дар натиҷа модару кӯдак бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда, ноболиғ дар бемористон ба ҳалокат расидааст.