Дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бар асари шамоли сахт як зану ва наврас ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯзи 12-уми июл ҳангоми аз болои пули шаҳраки Ғарм гузаштани зани 33-солаи сокини маҳаллӣ ва ноболиғ, писарбачаи 16-солаи сокини деҳаи Руноби ҳамин ноҳия, ногаҳон шамоли сахт ба вуҷуд омада, номбурдагон ба дарёи “Сурхоб” афтида, ғарқ шудаанд.

Гуфта мешавад, ҷасади зани номбурда дарёфт гардида, барои дарёфт кардани ҷасади ноболиғ чорабиниҳо идома доранд.