Садамаи нақлиёт рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда дар кӯчаи Амиршоев (мавзеи Водонасос) рух дода, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи сокини 24-солаи пойтахт Одилҷон Шарипов ду роҳгузарро пахш кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: марди 28-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва марди 20-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, марди 28-сола дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, аз оғози сол дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 591 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 194 нафар ҳалок ва 623 тан ҷароҳат бардоштаанд.