Дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, дар қаламрави ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан рӯзи 20 сентябр садамаи нақлиёт рух дод, ки ҷони 6 касро рабуд.
Бино ба иттилои дафтари марбути ВКД Тоҷикистон, автомашинаи тамғаи «Опел», таҳти идораи сокини 27-солаи шаҳри Душанбе Наимҷон Юсуфов бо суръати баланд ба автомашинаи тамғаи «Либеро», таҳти идораи сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд бармехӯрад.
Гуфта мешавад, ин замон ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанган», сокини 50-солаи ноҳияи Фархор барои аз бархӯрд ба ин автомашинаҳои канор гирифтани воситаи нақлиёташ, дар паҳлӯи роҳ хараробаро пахш мекунад, ки сокини 28-солаи маҳаллӣ Фахриддин Усмонов дар ҷойи ҳодиса дар он ба ҳалокат мерасад.
Зимнан зикр мегардад, ки бар асари ин ҳодиса ронадагони автомашинаҳои «Опел» ва «Либеро», ҳамчунин се нафар мусофирони онҳо ҳалок ва боқимонда ҷароҳатбардоштагон дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.