Охири ҳафтаи гузашта бар асари садамаи нақлиёт дар роҳҳои кишвар 3 нафар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, 20-уми октябри соли 2017, тахминан соати 20:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҷобиров Зокир Салимович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ситораи н.Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Бобониёзов Умедҷон Ҳамроҳқулович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст.Дар натиҷа пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, 21-уми октябри соли 2017, тахминан соати 15:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Караван”, Раҳимзода Неъматҷон, соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Тоҷикободи ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, велосипедрони ноболиғ, Абосхонзода Хушрӯз, соли таваллудаш 2001, сокини деҳаи Тоҷикободро пахш намудааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, 22-юми октябри соли 2017, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Нурбоев Шуҳрат Яҳёевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди ш.Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Ғозиев Тоҳирҷон Нурматович, соли таваллудаш 1958, устоди Коллеҷи Омӯзгории ш.Хуҷандро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, Ғозиев Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқ идома дорад.