Кормандони Шуъбаи ВКД-2 ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 28 март сокини шаҳри Кӯлоб Абдурасул Назаровро, ки бо оилааш муваққатан дар шаҳри Душанбе иқомат дошт, боздошт кардаанд. Рӯзи 29 март кормандони милитсия ӯро ба Маркази миллии тиббӣ меоранд.
Дар қабулгоҳи марказ табибон баъди муоина марги ӯро тасдиқ мекунанд: яъне вақте кормандони милитсия ӯро ба бемористон меоранд, ӯ аллакай мурда буд, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло).
Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум шуд, А.Назаровро кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт кардаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, як рӯз пеш аз боздошти А.Назаров, бо як миқдор маводи нашъаовар сокини пойтахт боздошт шудааст, ки ба хотири халалдор насохтани ҷараёни тафтишот аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзида шуд.
Зимни бозпурсӣ ӯ баёнот додааст, ки ин миқдори маводи нашъаоварро ӯ барои минбаъд паҳн кардан аз Абдурасул Назаров гирифтааст.
«Баъди ба бинои ШВКД-2 ноҳияи Сино овардан, Назаров ба сактаи дил (инфаркт) гирифтор шуда, дар роҳ ба бемористон ҳалок шуд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилӣ.
Ӯ ба «Азия-Плюс» итминон дод, ки табибони қабулгоҳи Маркази миллии тиббӣ марги ӯро аз бемории дил дар ҳуҷҷатҳо сабт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Садбарг Бобохонова, ҳамсари А.Назаров дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки «дар тани шавҳарам доғҳои сиёҳ буд, дастонаш, як тарафи сараш захм дорад, дар чеҳрааш осори латту кӯб ҳаст».
Далели марги Абдураҳмон Назаров мавриди тафтиши мақомоти прокуратураи пойтахт қарор гирифтааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Икбол Завкибеков: «Надо любить то, чем занимаешься»
ФСИН: 70% иностранцев в колониях России – граждане стран Центральной Азии
Иранская авиакомпания запустит спецрейсы между Душанбе и островом Киш
США возобновили поставки оружия Украине
«Рыба для товарища Черчилля». В Таджикистане снят фильм о героизме таджиков во Второй мировой войне
Стало известно, когда будет открыта граница между Таджикистаном и Кыргызстаном
«Хабаровские авиалинии» изменили правила перевозки детей мигрантов
ЕБРР и АБР профинансируют модернизацию автодороги Дангара – Гулистон
Врачей легендарного Марадоны отправили под суд
Госдума России рассмотрит запрет на льготное жилье для мигрантов, недавно получивших гражданство РФ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста