Бар асари садамаи нақлиёт, ки дар шоҳроҳи Ваҳдат - Рашт - Лахш рух дод, се нафар ҳалок ва боз се тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи «Газел», сокини 55-солаи шаҳри Роғун Миралӣ Қарҷаев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашина тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи сокини 32-солаи ноҳияи Файзобод бармехӯрад.

Гуфта мешавад, бар асари ҷароҳатҳои гирифта ронандаи автомашинаи «Газел» ва ду нафар мусофирони он - сокинони Роғун ва ноҳияи Файзобод дар бемористон ба ҳалокат мерасанд.

Зимнан зикр мегардад, ки боз се нафар мусофирони автомашинаи «Газел», ки онҳо ҳам сокинони Роғун будаанд, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.